Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шариф Шукуров мегўяд, ки агар дар ҳақиқат чунин мебуд, агар ҳақиқатан ба тоҷикон ирода камӣ мекард, «шеъри нафиси аҳди Ғазнавиён ба вуҷуд намеомад, ҳунарпешагон ва хушнависон кори худро давом намедоданд, меъмории даврони Темуриён пайдо намешуд, ҳатто шеъри баланди туркӣ (чунончи осори Навоӣ - М. Ш.) эҷод намегардид». Ҳақ ба ҷониби Шариф Шукуров аст, ки миёни «эҳтиросмандони рўҳ»
(пассионарии духа) ва «эҳтиросмандони ҷисм» (пассионарии плоти) тафовуте дидааст ва ақида изҳор кардааст, ки аввалан амали «эҳтиросмандони ҷисм» ба таърихи зоҳирии воқеъотӣ тааллуқ дорад ва амали «эҳтиросманди рўҳ» ба таърихи ақлонӣ, сониян «таърихи воқеъотиро мардуме, ки шамшер ба миён овехтаанд, ба вуҷуд меоранд ва онҳое, ки китоб дар даст доранд, бар он таърих чира мешаванд». Ин аст, ки «ҷаҳони эрониёни шарқӣ дорои «ирода барои користон» буд, вале иродаи он користони ақлониро дар назар дошт, ки мағзи корнамоиҳои воқеъотист». Оре, тоҷикон як умр рў ба рў бо турктози беамон буданд ва бо силоҳи донишу ҳунар онро посух гуфта илоҷ меҷустанд.
Бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки он муборизаи сахти ҳазорсола чи дар давраҳои алоҳида ва чи дар ниҳояти кор бо пирўзии маънавии тоҷикон, бо пирўзии пурраи фарҳанг ва забони тоҷикӣ анҷом ёфт. Тоҷикон дар ҳама марҳилаҳои мубориза зоҳиран мағлуб ва тобеъу дастнигари дигарон, вале моҳиятан пирўзманд буданд, дар ҳувияти худ ҳамчунон устувор монда, ғолибон ва ҳукмдоронро кам-кам ба фарҳанги эронӣ ва забони форсӣ тобеъ намуда, охируламр ба он вомедоштанд, ки ғолибон ошкору ниҳон бартарии мағлубонро эътироф намоянд.

пешина
аз 351
навбатӣ