Хуросон аст ин ҷо

Дар ин ҳазор соли пас аз қарни 10 ҳукмдорони бегона кўшиш доштанд, ки он тоҷиконро, ки аз фоҷиаҳо ҷон ба саломат бурдаанд, саркўб ва мутеъу фармонбардор бидоранд. Бо ин ҳама дар муддати ин ҳазор сол дар Мовароуннаҳр нест кардани тоҷикон, аз забон ва ҳувияти миллӣ маҳрум намудани онҳо даст надод. Бисёр кўшиш ба кор рафт, вале муяссар нашуд, ки нашуд. Дуруст аст, ки тоҷикон дар ин муддат торафт ададан кам шуда ба кишварҳои наздику дур пароканда гардида, дар он кишварҳо, инчунин дар Осиёи Миёна ба халқҳои дигар пайваста, каму беш шумораи он халқҳоро зиёд мекарданд, ҳамеша талафоти моддиву маънавӣ медоданд. Вале ба ҳар ҳол ба сифати як халқи мустақил ва худвежа ҳамчунон боқӣ монданд. Талафоти тоҷикон бештар талафоти ададӣ ва моддӣ буд.
Онҳо дар ҷангҳои ошкоро ва майдондорӣ аксаран мағлуб мешуданд, аммо маънан ҳамеша ғолиб меомаданд. Робитаҳо ва ҳамбастагии иҷтимоъии мураттабу муназзами устувор, омилҳои пурзўри ғоявию маънавӣ, иҷтимоъиву ахлоқӣ, қоидаҳо ва расму одатҳои бостонии қувватманд, ки зиндагии мардумро як низоми осебнопазир ва тавоноӣ бахш мекарданд, қодир буданд, ки дар муқобили ҳамлаҳо побарҷоии миллатро таъмин намоянд.
Аҷдоди тоҷикон ба сабаби ин, ки дар ҷангҳо аксаран мағлуб мешуданд, бисёр сарзаниш дидаанд. Баъзе донишмандони номдор низ аз санги маломат парондан ба сўи тоҷикон худдорӣ накардаанд. Нури чашмам Шариф Шукуров чанде пеш ба яке аз он сангандозҳо ҷавоби босавоб гуфт. Чунонки ў ёдовар шуд, донишманди муосири рус Лев Гумилёв даъво дошт, ки тоҷикон дар иштиёқу эҳтирос (пассионарӣ) ба ғояти камқувватӣ буда, аз муқобилат ба ташаккулоти этникии ҷавону пурзўри туркону муғулон оҷиз омаданд. Л. Гумилёв гуфтааст: «Тоҷикони Бухорои садаи даҳ (аҳди оли Сомон - М.Ш.) аз фалсафаи Юнон ва дастовардҳои зеҳни ҳиндувон огаҳӣ доштанд. Ба онҳо танҳо як чиз намерасид: ирода барои корнамоӣ, шўҳратҷўӣ, аз худ гузаштагӣ дар роҳи ояндаи дур ва идеал».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё