Хуросон аст ин ҷо

Зарурати баррасии мушаххаси ин масъала аз он ҷо сар задааст, ки ба ҳар ҳол ҳудуди қаламрави фарҳанги миллиро муайян кардан даркор аст ва ба вуҷуд омадани фарҳанги муштарак чунин маънӣ надорад, ки миёни фарҳангҳои миллӣ дигар сарҳадде намонд ва вежагии онҳо аз байн рафт. Не, ҳамназдикии фарҳангҳои миллӣ боиси маҳрумӣ аз чеҳраи хос нахоҳад гардид ва ҳар як халқ бояд вежагиҳои хоси фарҳангу маънавияти худ, роҳҳои рушду таҳаввул, инчунин ҳудуди таърихӣ ва имрўзии онро бидонад.
Дар замони мо дар ин хусус талқиноти хилофи воқеъият бисёр ба назар мерасад. Аз ҷумла талқин мешавад, ки он осори фарҳанг, ки дар тўли асрҳо дар Ўзбекистони кунунӣ ба вуҷуд омадааст, гўё ҳама мероси фарҳангии миллати ўзбек аст ва ба ў тааллуқ дорад.
Тасарруфи сиёсиро заминаи дастандозиҳои дигар, аз ҷумла ғасби фарҳангӣ медонанд. Гўё ҳар ҷо турк ҳукмрон бошад, кишвар бо ҳама дороиҳои моддиву маънавӣ моли ўст. Ин талқинот аз назарияи истилогарон меояд, ки худро на танҳо соҳиби молу мулк, балки инчунин ягона соҳиби маҳсули фаъолияти фикрии мутеъони худ ба шумор меоранд. Аз ин ҷост, ки Авасто ва осори меъмории Бухорову Самарқандро як ҷузъи мероси фарҳангии ўзбекҳо шумурдаанд, Ибни Сино, Баҳоуддини Нақшбанд ва монанди инҳоро «ситорагони осмони турк» номидаанд, ба он сабаб ки дар садаи понздаҳи мелодӣ дар Ҳирот Ҳусайни Бойқаро ҳукмрон ва Алишери Навоӣ вазир буд, ҳама адабиёту ҳунари онвақтаи Хуросонро ба халқи ўзбек нисбат додаанд ва ҳоказо.
Даъвогарони бузургманиши турк дар ин маврид ҳатто қонуниятҳои инкишофи таърих ва баъзе ҳақиқатҳои илмиро далел меоранд. Онҳо аз ҷумла он ҳақиқатро далели даъво меҳисобанд, ки «халқҳои таҳлилшуда (ассимилатсияшуда) қоидатан ба этносҳое, ки ба ҷои инҳо омаданд, на танҳо мероси таърихи фарҳанги худ, балки
мероси биогенетикии худро низ медиҳанд»1, яъне этносе, ки ғолиб омад ва этноси дигарро ҳамгуни худ ва таҳлил кард, ҳам хусусиятҳои табиъӣ, масалан, қиёфаи зоҳирӣ, ҳам арзишҳои фарҳангии халқи таҳлилшуда ва нестшударо ба мерос мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё