Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Албатта дар ин ҳақиқат шак нест. Лекин ба ин ҳақиқат низ набояд шак овард, ки миллати тоҷик таҳлил нагардидааст ва нест нашудааст. Тоҷикон дар Мовароуннаҳр танҳо қисман гирифтори ассимилятсия омадаанд, фақат як қисми онҳо мансубияти миллии худро дигар карда, ўзбек шуданд, аммо қисми асосии онҳо ба сифати миллате ҳанўз дар мақоми таърихии худ устувор истодаанд.
Аз ин ру касе ҳак, надорад, ки он ҳама арзишҳои фарҳангиро, ки аҷдоди тоҷикон офаридаанд, ба мерос бигирад. Меросро аз мурдаҳо мегиранд. Онҳо, ки зиндаанд, худ соҳиби комилҳуқуқи дороиҳои маънавии худанд. Ба ғосибони ғолиб лозим меояд, ки он ҷо ки пирўзӣ ёфтаанд, асосан бо ғаниматҳои моддӣ қаноат кунанд.
Этносе, ки қисман таҳлил шудааст, мероси фарҳангӣ аз даст намедиҳад, балки ба қадри он бештар мерасад, онро бештар эҳтиёт мекунад, бештар афзоиш медиҳад. Этносе, ки ба этноси дигар қисман пирўзӣ ёфт, фақат аз он замон, ки пирўзӣ ёфт ва танҳо дар он ҳудуд ки пирўзӣ ёфт, соҳиби арзишҳои фарҳангӣ хоҳад буд, соҳиби он арзишҳое хоҳад буд, ки худ дар офариниши онҳо ширкат варзидааст. Хоразмиён асосан пас аз садаи сездаҳ турк шуданд, туркиятпазирӣ дар Чочу Фарғона бештар баъди садаи ҳафтдаҳу ҳаждаҳ, дар водии Зарафшон баъди истилои Русися суръат ёфт.
Танҳо пас аз ин дар ин ноҳияҳо он чи тоҷикони навўзбек аз арзишҳои фарҳангӣ эҷод карданд, ба фарҳанги туркии ўзбекӣ илова гардид, ҷузъе аз фарҳанги ўзбекӣ шуд. Он чи тоҷикони дирўза то туркиятпазирӣ эҷод карда буданд, як ҷузъи фарҳанги эронии Мовароуннаҳр буд. Он чи онҳо пас аз турк шудан офариданд, ба фарҳанги турки тааллуқ дошта, хусусиятҳои эронии фарҳанги туркиро қувват дод, хусусиятҳои муштараки фарҳанги тоҷикиву туркиро барҷастатар ба ҷилва овард.

пешина
аз 351
навбатӣ