Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Яке аз падидаҳои тафаккури китобӣ он аст, ки ҳикматпарварӣ, яъне майли махсусе ба сухани ҳикматомўз ва хулосаҳои фалсафӣ ба шаклҳои китобӣ ифода меёфт. Ҳикматписандӣ хоси мардумони андешапарвар буда, байни ҳама халқҳо, хусусан дар Шарқ ривоҷ ёфтааст, вале тарзҳои ифодаи он дар байни халқҳои гуногун гоҳ аз ҳам фарқ мекунад. Халқҳои эронӣ, аз ҷумла тоҷикон бештар ба тарзҳои китобӣ майл доранд. Мардуми мо чун рўйдодҳои зиндагиро, воқеаи ибратомўзеро, ки диданд ва шуниданд, ба андеша мегиранд ва маъною мазмуни онро фаҳмидан мехоҳанд, хулосаи онҳо фардбайтест ё сухани рехтаест, ки ба шеъри классикӣ монандӣ дорад.
Аз ҳамин ҳикматпарварӣ ва тафаккури китобист, ки мардум шеърдўст буданд, ба шеъру шеърият ихлос доштанд, ҳангоми сўҳбат ҳар лаҳза байте ба ёдашон меомад, ки аксаран байти ҳикматомез ва олӣ буд. Камина ки синнам ба ҳафтод расидааст, солҳои кўдакӣ дар Бухоро ва баъд дар Душанбе бисёр касонеро дидаам, ки «боқимондаҳои дунёи кўҳна» буданд ва хоҳ аз Бухоро бошанд, хоҳ аз Самарқанд ё Хуҷанд ва ё Ўротеппа, ҳама шеърдон буданд, дар омади гап байте мехонданд, ки моҳияти масъаларо якбора равшан менамуд ва гоҳ азбаски байти аҷибест, шунавандаро ба ҳайрат ва шавқ оварда, як дунё ҳаловати зебоишинохтӣ бахшида, фикру ҳисро фаъол мекард ва дарки воқеиятро амиқтар мебурд.
Ба ин муносибат мехоҳам дар ин чопи дувуми китоби «Хуросон аст ин ҷо» як нуктаро илова бикунам.
Шоир Бозор Собир боре навишт: «Ман қариб саросари Тоҷикистонро гашта (як-ду дафъа дар Самарқанду Бухоро ҳам будам) аз даҳани мардум фақат се-чор байти классикӣ шунидаму тамом […] Умуман адабиёти классикӣ ҳеҷ вақт ҷузъи зарурии рўзгори тоҷикон набудааст, чуноне ки дар миёни эрониёну тоҷикони Афғонистон мушоҳида мешавад.

пешина
аз 351
навбатӣ