Хуросон аст ин ҷо

Агар аҳёнан ягон байте донанд, ҳамонро ҳам вайрон мегўянд».
Ин баёноти Бозор Собир, ки ба тоҷикони Варорўд як навъ шеърбезор нисбат додааст, ба куллӣ дуруст нест. Бозор Собир ин ҷо солҳои ҳафтоду ҳаштоди садаи бистро ба назар дорад. Дар нимаи дувуми садаи бист дар ҳақиқат тоҷикони Варорўд, аз ҷумла мардуми Самарқанду Бухоро бисёре аз синнатҳои ҳазорсолаи худро аз даст дода буданд. Тахминан аз солҳои шасти садаи бист чунончи шеърдонӣ аз байни тоҷикони Тоҷикистону Ўзбакистон қариб ба тамом нест шуд. Мактаби шўравӣ шеърпарвар набуд, аз бар кардани шеър дар мактаби шўравӣ кам дида мешуд (ҳар сол ҳамагӣ 10-12 пора шеър ё нест аз бар мекарданд). Дар адабиёти шўравии тоҷикӣ шеър таназзул кард, дар шеър шеърият намонд.
Шояд аз хамин сабаб бошад, ки ҳатто шоирон (ғайр аз Пайрав) шеъри худро аз ёд намедонистанд, дар маҷлисҳо наметавонистанд аз ёд бихонанд. Ҷавонон дар солҳои сӣ ва чиҳил танҳо шеъри устод Луҳутиро аз бар мекарданд, аммо шеъри Турсунзода, Миршакар, Раҳимӣ, Деҳотӣ ва монанди инҳоро касе аз ёдщ намедонист.
Ҷавонон танҳо баъзе аз сурудаҳои охирини М. Турсунзодаро аз ёд карда буданд.
Маънавиятситезии замони шўравӣ боиси таназзули шеър ва аз шеър дур шудани мардуми тоҷик гардид.
Аз ин рў гуфтаи мазкури Бозор Собир танҳо нисбат ба солҳои пас аз даҳаи панҷоҳи садаи бист дуруст аст.
Аммо пеш аз он, яъне дар даҳаи сиву чиҳили садаи бист касоне буданд, ки саводи кўҳнаи пеш аз инқилобӣ (пеш аз инқилоботи солҳои 1917 ва 1920) доштанд ва бисёр шеър медонистанд. Ҳатто бесаводону камсаводони солхўрда низ шеърдон буданд. Ин шеърдонҳоро банда ба чашми худ дидаам ва аз шеърхонии онҳо бисёр ҳаловат бурдаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё