Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шеър дар ин маврид пайванди наслҳоро пойдор дошта, назари таърихиро барои дарки ҳақиқат, барои ҳалли масъалаҳои имрўзу фардо корбаст меорад.
Ин аст, ки шеърпарварӣ гувоҳе аз он буд, ки диди таърихӣ дар зиндагонии мардум аҳамияти ҷудогона дошт. Шеър сатҳи маънавии зиндагонии рўзмарраро баланд мебурд. Парастиши шеър аз падидаҳои олии маънавият буд.
Бешак шеърдўстӣ натиҷаи он аст, ки шеър дар адабиёти форсӣ ба ғоят тараққӣ ёфта, таъмими фалсафии шоирона ба пояҳои баланд расид. Дар айни ҳол меҳри махсусе, ки мардум нисбат ба шеър ва ҳикмат зоҳир мекарданд, боиси ривоҷу равнақи шеър ва ҷамъбасти фалсафии шоирона дар адабиёт гардид, боиси ин шуд, ки китоб ба ҳаёт амиқтар сар даровард, як ҷузъи зиндагӣ шуд. Дар ин сурат шеър аз як сў чун аз ҷузъиёти одии зиндагии рўзмарра ҳар лаҳза таъсире мерасонид, барои муайян шудани қарордоди шахс мусоидат мекард, раъйи ўро устуворӣ мебахшид ё тағйир медод, дар одитарин мавридҳое фаъолона амал карда, гоҳ гўё вазифаи хурде ва нақши амалӣ иҷро менамуд. Аз ҷониби дигар шеър аз омилҳое буд, ки табъи эстетикии инсонро баланд мекунанд, фикру ҳис ва тахайюлро парвозе мебахшанд, маънавиятро такомул медиҳанд. Шеър дар ҳарду сурат ҳам - хоҳ вазифаи хурди амалӣ, хоҳ нақши бузурги маънавӣ иҷро намояд, дар ташаккули шахсияти инсон аҳамияти калон дошт ва азбаски ин амалиёти вай дар ҷомиа густариш пайдо карда буд, аҳамияти куллии он дар доираи умумии миллӣ доман паҳн карда буд. Хусусан дар марказҳои фарҳанг - шаҳрҳои бузург ва ноҳияҳои доираи нуфузи онҳо на танҳо саводнокҳо, балки бесаводон ҳам суханро бо шеър оро медоданд.
Дар кўҳистон дар байни бесаводон бештар шеъри фолклорӣ интишор ёфта, дар водиҳо, хусусан дар Бухоро, ки фолклор
нисбатан кам шуда, ҷои онро адабиёти классикӣ гирифта буд, асосан шеъри классикӣ фикру зикри мардумро ба худ тобеъ медошт, як воситаи ифодаи фикр ва баёни матлаб буд.

пешина
аз 351
навбатӣ