Хуросон аст ин ҷо

Албатта ин ҳолат ба забон ва тарзи баёни одии рўзмарра таъсир мекард. Шеър ба сухани одӣ ҳам як навъ мавзунӣ ва хушоҳангӣ мебахшид. Зотан нармӣ ва равониву мавзунӣ аз сифатҳои аслии забони форсӣ ва дарии тоҷикист. Ҳамин сифатҳо буд, ки шеъру шеъриятро дар қаламрави ин забон ривоҷ дод. Дар айни ҳол тараққии шеъри олӣ боиси рушди камназири ҳамон хусусиятҳои зотии забони мо гардид. Дар натиҷа гуфтугўи одӣ ҳам аз унсурҳои шеърият бештар бархурдор шуд, фасоҳате, ҳусне пайдо кард.
Тафаккури китобӣ ва густариши нуфузи шеър гуфтори одиро дар баъзе соҳаҳои зиндагонӣ ба забони адабии меъёр бештар наздик меовард, дар маҷозҳо ва ташбеҳу истиораҳои сухани одӣ нақше аз сабкҳои гуногуни китобӣ мегузошт. Хусусан сухани босаводон ва равшанфикрон ҷолиб буд. Ин камина босаводон ва зиёъиёни кўҳнаро, онҳоеро, ки дар мактабу мадрасаи пеш аз инқилоби соли 1917 таҳсил кардаанд ё мактабдору мударрис ва мулло будаанд, бисёр дидааст. Сухани онҳо аз сухани дипломдорони имрўза, ки масалан дар солҳои навади қарни бист дар Тоҷикистон мебинем, тамоман тафовут дошт. Дипломдорони айёми мо ҳатто донишкадаи филологияро хатм карда бошанд ҳам, гоҳ ин таҳсилкардагӣ аз гуфторашон ҳеҷ маълум намешавад. Аз суханронии мардуми имрўз аксаран наметавон пай бурд, ки таҳсили олӣ дидаанд ё не: миёни сухани зиёъиён ва бесаводону камсаводон тафовут зиёд нест. Ин ҳолат аз паст рафтани дараҷаи савод ва савияи фарҳангиву маънавии ҷомеаи имрўз дарак медиҳад.
Аммо пеш аз инқилоб аҳвол дигар будааст. Пеш аз инқилоб тафаккури китобӣ барои ин ки таҳсил дар мактабу мадраса пурсамар ояд, заминаи зарурӣ омода сохта буд. Савод баровардан ва нозукиҳои забони адабиро аз худ кардан осонтар даст медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё