Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале аз рўи барномаи мактабу мадраса набояд гумон бурд, ки гузаштагони мо ба аҳамияти улуми табиъӣ иқрор набудаанд, улуми табиъиро ба чашми кам дидаанд.
Не, сабаби ин, ки гузаштагон дар омўзишу парвариш асосан ба улуми инсонӣ - забон ва сарфу наҳв, мантиқ, фалсафа, фиқҳ ва монанди инҳо, инчунин ба адабиёт бештар аҳамият медоданд, он буд, ки чунин донишҳо бунёди ҳастии маънавии инсонро фароҳам меоранд. Маълум аст, ки илмҳои табиъӣ ва дақиқ дониш медиҳанд, вале барои инсон дониш кам аст, балки пеш аз ҳама маънавияту одамият, фарҳанг ва ахлоқу одоб даркор аст, ки инҳо аз улуми инсонӣ, аз адабиёту санъат ҳосил мегардад. Ғайр аз ин, адабиёту санъат ва илмҳои инсонӣ тахайюли шахсро ба парвоз меоранд ва неруҳои эҷодкории одамиро фаъолият мебахшанд, ки дар натиҷа дар сурати зарурат фаро гирифтани илмҳои табиъию дақиқ осонтар мешавад. Ҳақиқатан дар мактаб аз кўдакӣ қориёна ҳифз кардани қариб тамоми «Гулистон»-и Саъдӣ, ҳама девони Ҳофиз, як қисми ғазалиёти Бедил чунин маънӣ дошт, ки мактаб барои инкишофи маънавии шахс таҳкурсии мустаҳкаме месохт: кўдак маънои осори он бузургонро чандон нафаҳмад ҳам, азбаски ҳифз карда, ба як умр ба лавҳи хотир гирифтааст, маъниҳои олӣ ва ҳусни эстетикии онҳоро ҳама умр кам-кам кашф менамуд, ҳама умр ҳаловат мебурд ва маънавияти худро ғано мебахшид. Аз кўдакӣ аз бар шудани ин миқдор осори олиҷаноб ёду ҳофизаи шахсро тараққӣ медод, барои фаро гирифтани дигар манбаъҳои маънавият шароити камназире фароҳам меовард. Осори бузургтарин суханварони ҷаҳон - Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил асоси маънавияти ҷомеа, асоси тафаккури китобӣ ва забономўзиро ташкил мекард. Бешак дар ин сурат барои ин ки маънавият ва фикру ҳис баланд равад, барои ин ки забони модарӣ бо қудрату тавони устодони бузурги адаб ва ҳусни сухани олии онҳо ба зеҳн ҷо гирад, имкон фаровон буд.

пешина
аз 351
навбатӣ