Хуросон аст ин ҷо

Аз ин рў ҳар дафъа ки аз мактабдидагон ва зиёъиёни кўҳна касеро дучор меомадам, аз аввали сухан ошкор мегардид, ки ин шахс дар мадраса ё лоақал дар мактаб хондааст. Дарсхондагони кўҳнасавод дуруст ва зебо гап мезаданд. Медонем, ки дар мактабу мадрасаи пеш аз инқилоб грамматикаи забони форсӣ дарс намедоданд.
Мактабиён ва муллобачагон грамматика нахонда забон ёд мегирифтанд, аз ҳусни сухан ва маданияти калом баҳра мебурданд.
Ин аст, ки забондонӣ вобаста ба грамматикахонӣ нест, балки сабабҳои дигар дорад.
Сухани тоифаҳои гуногуни мардум, масалан, сухани саводдорони одӣ, муллоҳо ва зиёъиён аз ҳам фарқ мекард, вале ҳар кадоме ба таври худ ҳусне дошт, соҳиби махсусиятҳое буд.
Тафовути гуфтори тоифаҳои мухталиф, чунончи деҳқони хокпош, мулло ва равшанфикре дар насри устод Айнӣ ба хубӣ акс андохтааст. Ман аз рўи мушоҳидаву озмудҳои худ мегўям, ки дар асарҳои устод Айнӣ забони муллоҳои онвақтаи Бухоро хеле наздик ба ҳақиқат аст ва дар бештари мавридҳо айнан ифода шудааст.
Ҳангоми хондани асарҳои Айнӣ ба забони муллоҳо ё зиёъиён диққат кунед, мебинед, ки аксаран дар ҳақиқат зебост. Ва ҳол он ки аксари муллоҳо дар асарҳои устод персонажи манфӣ мебошанд.
Модомки нақши манфӣ ба ҷилваи ҳусни сухан монеъ наомадааст, маълум мешавад, ки ҳусни устувор будааст.
Афсўс ки бурро ва зебо сухан кардан имрўз кам ба дид меояд.
Имрўз аз сухани тоҷикӣ ҳусну ҳаловат рафтааст ва мо дар ин бора поинтар таваққуф хоҳем кард.
Яке аз сабабҳои тақвияти тафаккури китобӣ ин буд, ки омўзиш дар мактабу мадраса поя бар донишҳои инсонӣ - ба илмҳои ҳуманитарӣ дошт, саропо инсонӣ шуда буд. Албатта дар асрҳои охир дар мадраса тадрис нашудани улуми табиатшиносӣ ё андаке мавқеъ ёфтани баъзеи онҳо норасоии ҷиддӣ буд ва танқиди сахти
ин нуқсон дар навиштаҳои равшангарони маорифпарвар, аз ҷумла Фитрат ва Айнӣ дуруст омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё