Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳо яқин гардан намефуроранд. Ва босмачиҳо ҳар кадомеро дар пеши зану фарзандаш аз хона бароварда, дар саҳни ҳавлӣ ба дастаи қамчин буғӣ карда мекушанд.
Бале, дар он шаби охири баҳорон, ки Анвар ниҳоят узви камсамол шудам гуфта, дар Дизак, дар хонаи дўсташ Шокир, хушу хурсанд ба хоби роҳат рафта буд, дар Нилу чунин фоҷиаи мудҳиш рух медиҳад.
Вай то имрўз нағз дар хотир дорад, ки ҳангоме тобутро мебардоштанд, фиғонн Таманнову модараш чӣ тавр ба осмонҳо мепечид. Анвар ба мўи парешону рўи харошидаи духтар ва ҳоли табоҳи модари ў нигариста, чӣ кор карданро намедонист; дилаш ғарқоби хун гардида, ёрои ба онҳо наздик шудан надошт. Вай ба қотилон лаънатҳо фиристода, аз паи тобут мерафту дастонаш гиреҳи мушт, кўдакиашро ба ёд меовард. Чеҳраи аз гиря варамидаи Таманно дар пеши назар, раҳораҳ он айёмеро ба хотир меовард, ки ба ҳамсолонаш ва духтарчаҳои аз худашон хурд қабл аз шиношини офтоб дар кўчаҳои танги деҳа чӣ бозиҳо мекарданд. Таманно дар ин гуна лаҳзаҳо бисёр шод мешуд; дандонаш радаи марворид, қаҳқаҳ механдид. Вале имрўз...
Имрўз вай мегиряд.
Сар ба дару девор зада, ба марги муфоҷои падари шарифаш мегиряд.
Гириста-гириста ба дили Анвар, ки ўро аз ҷон бештар дўст медорад, ҳама ғами оламро ҷой мекунад.
Чаро фалак ин қадар бераҳм аст? Барои чӣ вай танҳо камбағалонро азоб медиҳад? Ҳар чўбе ки шиканад, чаро фақат ба сари мардуми бенаво мешиканад?
Анвар он рўз аз қафои тобут қадам монда, ба худ чунин суолҳо медод. Панҷ сол муқаддам буд ин. Ҳоло вай хуб медонад, ки ба ноинсофиҳои рўи замин фалак ҳаргиз гуноҳ надорад. Ҳамааш аз ботини одамон сар мезанад; аз муқтазои табиати касони сияҳкору сияҳдил...
Саворон боз як хамгашти дигарро гузашта, акнун дуртар аз рўди Кофрун асп меронданд. Осмон гўё сўрох шуда буд, ки борон ҳеҷ қатъ намегардид. Раъд чун галаи шерони ба дом афтида ҳамон меғурид. Гоҳ аз пеш ва гоҳо дар пушти сар оташи барқ медурахшид. Анвар низ ба мисли ёронаш ғарқи оби борон шуда, рокиби ҷирани зебои худ якмаром раҳ мепаймуду хаёлаш аз нав ба Таманно мерафт.

пешина
аз 551
навбатӣ