МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
бародарашро дар як шаб гирифта, бечуну чаро аз лингаш меовехтанд.
– Вақташ расад, исбот ҳам мекунанд. Дидагиҳо кам не...
Бинобар ин, мабодо пагоҳ сиррам кушода шавад гуфта, вай шабошаб аз деҳа гурехта рафт.
– Худоро ба ёд оварда гап зан, додар! Аҷдод-аҷдодат аз дастархони онҳо намак хўрда, рўзи равшан медиданд... Раҳматӣ падарат чӣ? Худат ҳам якҷоя ба модару хоҳарат дар хизмати Усмон Азизу волидаш будӣ. Аз дигар ҷой не, аз ҳамон даргоҳ ошу нон меёфтӣ...
Анвар дандон ба дандон гузошта, ба ин таънаи ҷигардўз ҷавобе надод. Мардак ҳақ буд. Воқиан ҳам падару бобоҳои вай дар заминҳои ҳоҷӣ Азиз Матин ва аҷдодаш чоряккорӣ карда, ба тавре рўз мегузаронданд. Худаш низ чанд муддат ятими дари хонаи Усмон Азиз буд. Бад ё нағз, ба ҳар навъ ҳамроҳи модару хоҳараш аз ҳисоби вай нон мехўрданд. Зеро дигар илоҷ надоштанд... Аз ин боис Анвар, агарчи гуфтаҳои язнаи Усмон Азиз аз ҷавшани ҷонаш гузашта, сахт ғазабашро оварданд, маҷбур худро ба даст гирифт ва дар зери нигоҳи тамасхуромези ў, ки ба китфаш чун санги осиё бор мешуд, сараш хаму чашмонаш нам, қатори одамон ба ҳавлии мақтули сеюм рафт.
Ҳоло мебоист мурдаи сеюмро гўронанд.
Қурбонии сеюм...
Падари Таманно буд вай. Як деҳқони камбағал, ки аз даҳонаш ҳаргиз сухани бад намебаромад. Бечора дар ғами рўзгор ва тарбияи ягона духтараш мегашт. Ҳатто магасро озор намедод, ки ба ҳар ҳол вуҷуди зинда аст.
Аммо босмачиҳо ба ҳамин гуна одами ҳалим ҳам раҳм намекунанд.
Онҳо чанд нафари бисёр камбағал ё бехешу ақраборо дар назар гирифта, нисфи шаб ба деҳа медароянд. Ва саросема ба ду гурўҳ тақсим гардида, он берўзиҳоро як-як дар хонаҳои худ меёбанду ба дўғу пўписа талаб мекунанд, ки зуд либосашонро пўшида, ба онҳо ҳамроҳ шаванд; агар мусулмонанд, мехоҳанд ё не, дар сафи лашкари ислом ба ҷанги куффор мераванд. Ду нафар, аз зўри тарс ё ихтиёрӣ – чӣ хел буданаш номаълум, – розигӣ медиҳанд. Лекин се нафари дигар...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё