Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҷои хилват мегўӣ? – Пас худаш ҷавоб гардонд: – Буд ҷои хилват. Як қутани кўҳна. Як ғавшод дар пушти ҳо ана он шах... Эҳтимол донӣ?
– Медонам, – гуфт Қурбон, ба соҳили дигари Кофрун ва шахи баланде ки ў нишон дод, чашм дўхта. – Аз раҳ дур...
– Ин гадозодаҳои аз худои карим гаштаро ба ҳамон ҷо мекашем, – гуфт Усмон Азиз. Баъд сиёҳмушкинро зуд сарнишеб карда, илова намуд: – Нағз, ки то поин фуромадан моро намебинанд. Бо вуҷуди ин ҳушёр бошед.
Онҳо аз байни арчазор дум ба дум асп ронда, ниҳоят ба канори гузари калон баромаданд ва рў ба кўҳи Ҳафтсар...
шитобон тарафи дасти рост гаштанд.
– Акнун мебинанд, – гуфт Усмон Азиз, ки панҷааш алалэҳтиёт ғилофи маузерро мекушод. – Инаш ҳам нағз... Мо мегурезем, дидан замон мегурезем. Алҳол дуранд онҳо, тирашон намерасад.
Дар ҳақиқат ду-се дақиқа нагузашта, аз қафо фарёди баланде шунида шуд.
– Истед! Истед мегўям!
Ин овози Анвар буд, ки дар пеш ногаҳон Усмон Азизу шарикони ўро дида, ба ёронаш «кӣ бошанд?» – гўён ҷарани худро тозонда меомад. Муроду Саид ва ду нафари дигар низ ба аспҳояшон қамчин мезаданд.
– Ҳо-ой, истед! – гашта фарёд кард Анвар.
Аммо Усмон Азиз ба ин нидои омирона ҳатто рўй наоварда, ба Қурбону Ғуломҳусайн:
– Аз қафои ман бошед! – гуфт ва ба як ҳавои тозиёна лаҷомро сар дод.
Сиёҳмушкин бод барин чорнаъл гирифт. Қурбону Ғуломҳусайн ҳам аз пушту паҳлуи соҳиби худ асп метохтанд. Анвар ва рафиқонаш ин тартиб гурехтани онҳоро дида, яқин карданд, ки одамони шубҳаноканд. Ва низ лаҷомҳоро тамоман сар дода, ба таъқиб даромаданд. Ҳатто Мурод ба мақсади тарсондан як тир кушод. Вале Усмон Азиз:
– Шумо напаронед! – гўён сиёҳмушкинро маҳмез зад.
Ва ҳамин тавр сар шуд... Ба гув-гуви доими дарёи Кофрун тақар-тақари суми аспҳо печида, дараи Оҳугузарро гўё ба ларза меовард. Шаху ёнаҳои сербутта, арчазорони сабз, харсангҳои сокит ва аҳён-аҳён қитъаҳои оҳаквор сафеди бегиёҳ нафас ба нафас қафо мемонданд.

пешина
аз 551
навбатӣ