МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Лекин фосилаи байни ду даста ҳеҷ кам намешуд.
– Маълум… онҳо душман, босмачӣ, – тохти ҷиранашро тезтар карда, гуфт Анвар ба Саид, ки аз паҳлуяш инон ба инон асп мемонд.
– Ҳа-а, агар не, намегурехтанд.
– То куҷо мегурезанд?! Ин раҳ фақат ба Нилу мебарад.
Аммо Усмон Азиз, баъде ки як тахтапули ларзонро убур карда, ба соҳили дигар гузашт, боз камтар асп давонда, лаҷоми сиёҳмушкинро ногаҳон ва даршаст ба дасти чап тофт.
Ва ҳамроҳи Қурбону Ғуломҳусайн ба ёнаи на чандон баланд, ки дар ҳар ҷо-ҳар ҷояш буттаҳои мушаву заранг рўида буданд, шитобон баромада, пас аз фурсате дар пушти он нопадид гардид.
– Рафтанд, – гуфт Санҷар ба оҳанги таассуф.
– Рафтан намемонем! – гуфт Мурод, наган дар каф, аспашро бештар ҳадаҳа карда.
– Бале, – гуфт Анвар, ки дар симояш як қатъияти мардона нақш баста буд.
Ниҳоят онҳо низ ба ҳамон ёна расида, аз байни буттазор боло баромаданд. Ва диданд, ки акнун гурезаҳо дар ҳамвории васеи саросар сабз асп тозонда мераванд. Анвару ёронаш наистода, ба шасти аввала он саворонро пай гирифтанд.
Дар ду тарафи ҳамворӣ, ки бараш тахмин ним фарсах меомад, талу кўҳталҳои қисме алаф ё буттапўш, баъзеи дигар аз бунёди худ сангин пасту баланд саф кашида буданд.
– Ку бинем, то куҷо метозанд, – ба оҳанги тамасхур гуфт Анвар, ки дар хонаи зин андак хам хўрда, ба паҳлуи ҷиран мулоим пошна мекўфт.
– Боз ин корашон фиреб набошад? – гуфт Саид, ба вай як назар партофта.
– Ҳар чӣ бошад, акнун истодан... ё қафо гаштан маънӣ надорад, – гуфт дар ҷавоб Анвар. – Ҳар чӣ пеш ояд, акнун танҳо аз қисмат медонем... – Ва нахустин бор ба кафали аспаш тозиёна зад.
Бе ин ҳам ҷиран дар тамоми қувва медавид.
Вале масофаи байни онҳо кўтоҳ намешуд, ки намешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё