МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Аспҳои ҳар ду даста низ оҳиста-оҳиста аз ҳол мерафтанд.
Бо вуҷуди ин метохтанд; ба тақозои соҳибони худ гардан фуроварда, якзайл метохтанд. Акнун… аз миёни гулу гиёҳи тар садои суми ҷонварҳо пахшхўрда мебаромад. Абрҳо пароканда шуда, осмон каб-кабуд метофт. Офтоб сайри азалии хешро хандон идома медод. Дар пеш, қариб дар охири ҳамворӣ, ки он ҷо низ талҳои зумуррадгун қад афрохта буданд, як қитъа замин ҳар лаҳза бештар сиёҳ метофт.
«Қутан, ҳамон авули партав!» – гуфт дар дил Усмон Азиз ва ба қафо рўй гардонда, аз маузер тир кушод. Ва бо ҳамин ба таъқибгари худ фаҳмонд, ки вай ҷангталаб аст: ана аспу майдон, ана тиру камон!
Ғуломҳусайн ҳам туфанги ангилисиро аз сари китф чолок ба даст гирифт ва тоб хўрда, паёпай ду тир холӣ кард.
Аммо ягонтааш ба нишон нарасид.
– Шумо ҳоло зинҳор напаронед, – гуфт Анвар ба рафиқонаш. – Аввал наздик шавем...
Боз каме асп тозонда, Усмон Азизу ҳамроҳонаш оқибат ба он авулгоҳе расиданд, ки махсус таки чашм карда меомаданд. Вай як ғавшоди калони валангор, болотар аз ғавшод як соботи дарози сақфаш қариб саросар фурўрафта ва як кулбаи сангини низ фарсуда дошт. Дар байни чалмаҳои саҳни ғавшод, берун аз он ҳам... ҳар ҷо-ҳар ҷо буттаҳои хору талха ва ағлаб ҳазориспанд мерўиданд.
– Пиёда шавед! – фармон дод Усмон Азиз ва худ ҷаҳида аз сиёҳмушкин фуромаду ҷонварро ба тарафи собот ҳай карда, ба Қурбон: – Ту пушти хона гузар, – гуфт ва ҳамроҳи Ғуломҳусайн чаққон ба ғавшод даромада, аз бари девори он камин гирифт. – Ҷоямон айни муддао...
Анвару ёронаш асп тозонда, даршаст наздик мешуданд.
– Андоз! – гуфт Усмон Азиз ба Ғуломҳусайн ва фавран тир кушод. – Аспашон ҳам зинда намонад.
Дастаи Анвар низ акнун паронда-паронда меомад. Гоҳ аз болои сар ва гоҳ аз пуҳлуи онҳо визосзанон тир мегузашт:
аз даруни ғавшоду аз пушти кулбаи сангин тез-тез оташ мекушоданд.
Вақте ки даста қариб ба авулгоҳ расид, ногаҳон аспи Ҳасан тир хўрда, шиҳакашон ба сар зад. Худи ў аз хонаи зин канда шуда, дар рўи сабза чанд қадам ғелид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё