Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кам монда буд, ки гарданашро шиканад. Бо вуҷуди ин вай тохта хест. Ва ҳамон лаҳза Санҷар, ки аз ҳама охир меомад, ба тири Ғуломҳусайн аз зин чаппа шуд. Аспи Ҳасанро низ он барзангӣ зада буд. Анвар, Мурод ва Саид, ки ҳоло пиёда буданд, аз се ҷониб ба даруни ғавшод якта-якта тир холӣ мекарданд. Ҳасан ба девори дурушт такя оварда, дар муқобили кулба менишаст.
Ва баъзан, даме ки аз паҳлуи он мили сиёҳи камон ба таҳдид намоён гардида, дарғазаб оташ мекушоданд, низ ҷавоб мегардонд.
Анвар, ки муддате Усмон Азизу Ғуломҳусайнро сар бардоштан намемонд, ба Саид нигариста, гуфт:
– Ту аз ин тараф пушти хона гузашта, дами хунуки ҳамон лаънатиро гир!
Аммо Саид ба он кулбаи вайрона расида натавонист:
лаҳзае ки ба эҳтиёт хам шуда, так-таки девори ғавшод тохта мерафт, Қурбон худаш нохост аз ҳамон самт баромада, якрост тир андохт. Ва Саид, туфанг дар кафи даст, аввал қад афрохта, ба дасти дигар сари синаашро қапиду пас гурсӣ ба тахтаи пушт зад.
Усмон Азиз, фақат вақте ки саворон ба авулгоҳ наздик мешуданд, Муродро шинохта ва аз зўри ғазаб дар ҳама вуҷудаш ларза давида, ба Ғуломҳусайн гуфта буд:
– Ўро зинда мегирем!
Бинобар ин вай ҳоло маҳз Муродро дар зери чашм нигоҳ медошт. Ва саропо гўшу ҳуш гардида, тунд фикр мекард, ки кушандаи додарашро чӣ тавр зинда ба чанг орад. Аз як ҷиҳат бахташ тофт. Вай ана, дар пушти девор. Ба пои худаш омадааст. Усмон Азиз метавонад интиқомашро то рўзи қиёмат нагузошта, инак он махлуқи аз мусулмонӣ рўйтофтаро маймунвор дар банд андозад ва гўшу биниашро бурида, кулли азоби дунёро дар чашмаш нишон дода, баъд ҳисобро баробар кунад. Вале чӣ тавр ўро зинда мегирад?
Ҳамин дам як ваҷаб дуртар аз вай ба санги девор тире бархўрда, садои гўшхарош баровард. Онро бе шубҳа Мурод паронда буд.
«Яқин маро ҳам куштанӣ ин кофир», – ба замин туф карда, аз дил гузаронд Усмон Азиз ва дигар тоб оварда натавониста,

пешина
аз 551
навбатӣ