Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

фарёд зад:
– Ҳой, зоташ паст! Маро дидӣ, шинохтӣ? Надида бошӣ, бин; нашинохта бошӣ, шинос – ман Усмон Азизи нилуӣ, бародари ҳамон мулло Сулаймон, ки ту ўро ҳашт сол муқаддам дар раҳи Деҳнав кушта будӣ. Акнун фаҳмидӣ, оҳангари ифлос?! Ман якумр ба хунат ташна мегаштам. Худо имрўз ба додам расид. Фаҳмидӣ ё не?
Мурод аз ин фарёди ногаҳон аввал ҳайрон шуд, баъд парида аз ҷой хесту ба сўи Усмон Азиз як тир кушода:
– Фаҳмидам, ҳаққимардумхўр! – гуфт ва зуд дар бари девор гашта ба зону нишаст. – Мешунидам, ки ту аз ин диёр баромада рафтаӣ. Дайду буданро авло днистаӣ... Лекин боз аз кадом гўр пайдо шудӣ?
– Қасосгирӣ омадам, интиқом меҷўям. Ба ту бедиёнати ҳаром сари кор дорам, – ҷавоб гардонд Усмон Азиз, ба ҳамон ҷое ки Мурод намуда буд, дарқаҳр тир андохта.
– Бисёр аз худат нарав, Усмонбой! Ҳоло ман ҳам, дирўза хизматгорат Анвари Шермалик, дар пушти ин девор, – гуфт Анвар аз тарафи дигар.
Ў низ ба мисли Мурод ҳайрон буд. Ҳеҷ гумон надошт, ки рўзе мерасаду ба Усмон Азиз рўбарў меояд, алахусус дар чунин вазъият...
– Аҷаб тақдире! – пас аз каме сукут овоз баровард Усмон Азиз. – Яке кушандаи додарам... Дуюмӣ ятими дари хонаам, ҳамон бачае ки резачини дастархонам буд. – Вай девонавор ба ҳавои ҷониби Анвар пасопеш се тир холӣ кард. – Чӣ, ту ҳам имрўз ба даст силоҳ гирифтӣ, писари Шермалик?
Оқибат косалеси куффор шудӣ? Белаҷом монда, дар ниҳояти кор раҳгум задӣ?.. Аҷаб тақдире!
– Аз тақдир не, аз аъмоли бади худат дон, – гуфт Анвар.
– Рост, аз он ҷабру ситамҳоят дон, ки ба мардуми камбағал раво медидӣ, – гуфт Мурод аз ҷиҳати муқобил.
– Ту худобезор ягон бор ҷабри маро кашида будӣ? Ман ба ту очағар ягон маротиба ситам карда будам? – ҷавоб гардонд Усмон Азиз.
– Ҳамаи шумо, бою бадавлатҳо, ҷасади як гўред.
– Шумо пойлучони беэзор муносиби гўри дигар! Ва имрўз, иншооллоҳ, ба ҳамон гўр меравед.

пешина
аз 551
навбатӣ