Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Кӣ пештар меравад, инаш ҳоло маълум не.
– Маълум, оҳангари ифлос, маълум! Мард бошӣ, биё, ба майдон медароем. Хоҳ ба тиру туфанг, хоҳ ба шамшер...
Пиёда талабӣ – пиёда, савора талабӣ – савора. Ман ба ҳамааш тайёр. Баро!
– Нағзаш... бе хунрезии зиёд таслим шав, бой... – гуфт аз ҷои худ Анвар. – Зану фарзандонатро фикр кун. Худат ҳам ҳоло ҷавонӣ.
– Таслим шудани маро дар хоби шабат мебинӣ, – посух дод Усмон Азиз, маузерашро пур аз тир карда – Ба назарам... шумо нохалафҳо се нафар мондед, мо ҳам се тан. Дилу гурда дошта бошед, марҳамат... натарсида берун оед, дар майдон рўбарў мешавем.
– Ман розӣ, – гуфт Мурод, – баро! Гўсфанди сур барин дар кунҷи қутан нашину баро!
– Ба чашм! – тамасхур кард Усмон Азиз. Пас ба Ғуломҳусайн нигарист ва ба овози паст, қариб пичирос зада, таъкид намуд: – Он ятими дари хонаам... ҷавонтараш... бале, чарминапўш... зинда монад. Ҳатман... вай ба ман лозим. – Ва ҳангоме ки Ғуломҳусайн так-таки девор хазида, ба вурудгоҳи ғавшод наздик рафт, худаш низ аз тарафи дигар хам шуда-хам шуда, чанд қадам пеш партофт ва ба ҳамон оҳанги заҳрханду масхара гуфт: – Пас ана... пазироӣ кунед.
– Таслим гардӣ, беҳтар буд, – маслиҳат дод Мурод.
– Ту ғами худатро хўр, махлуқи беномус! Ғами худатро хўру мард бошӣ, ҳоло ба ман майдон гир. Якка ба якка...
Вай инро гуфту ба даҳони ғавшод расидан баробар таваккал тир кушод. Ғуломҳусайн ҳам, то ки маҷол ёфта, аз даст ё пояш Анварро паронда, баъд дар як ҷаҳидан силоҳашро кашида гирад, аз камингоҳи ў чашм наканда, мисли саги шикорӣ ҳушёр меистод. Ниҳоят Усмон Азиз рақибашро дар пушти сангдевор дид, фақат як нафас... Ва ҳамоно садои тир баромад. Аммо ба вай осебе нарасид.
– Баро, лаънатӣ, ба ман рўбарў шав! Ору номус дошта бошӣ, сусмор барин ба девор начасп... баро, ана майдон! – омехта ба шиҳаи аспу танини оташкушоӣ чун аз мағзи ҷигар фарёд кашид Усмон Азиз.
Мурод баромад.

пешина
аз 551
навбатӣ