МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ана ман!
Дар даст наган, дуртар аз девори сангин ба монанди кўҳ устувор меистод ў. Қадбаланд, синафарох ва ситорагарм буд.
Мўйлаби сиёҳи кўтоҳ қайчизада фурўғи чашмони ҷиддинигоҳашро гўё меафзуд. Лабони андак ғафси базебаш дар як қатъият фишурда буданд. Масофаи байни ў ва рақибаш тахмин понздаҳ қадам меомад.
– Ана ман, – такрор кард Мурод.
Усмон Азиз, ки аз бурзу боло ва нописандии вай ғазабаш бештар меҷўшид:
– Медонӣ барои чӣ кушта мешавӣ? – гуфт ва филҳол тир холӣ кард. – Барои додарам! Додари бебаҳраам…
Мурод ҳам паронд, ҳатто ба Усмон Азиз баробар паронд.
Вале наган аз дасташ раҳо шуда, аввал ба қафо як такон хўрд; сипас қафаси дилашро дошта, ба рўй афтид. Ва худи ҳамон лаҳза, даме ки нафас дар гулўяш гиреҳ баста, маргашро яқин донист… мағзи сари вай гўё таркиду ба хаёлаш ҳама мавҷудот оташ гирифта, дар партави тези он ягона писарчааш намоён гардид. Ў дар фарози кадом шахи баланд истода, аз байни забонаҳои печони алав ба сўи падараш, ба сўи Мурод, Муроди қурбони тир каме назар дўхта, баъд ногаҳон... назири чўҷаи уқоб дар парвоз шуд. Рўяш ҳамчунон ба ҷониби падар, аз миёни оташ парида мегузашт вай. Мурод медид, ки – во аҷаб! – ба ягона фарзандаш ҳеҷ зарар нарасид ва аз афти кор... минбаъд низ намерасад: забонаҳои алав, аз чӣ бошад, ҳатто бари домани ўро сўзонда наметавонистанд. Бо вуҷуди ин, дар ҳолате ки илоҷи аз ҷой хестан надошт, Мурод ҳама рагу паяшро як карда, фарёд мезад:
қафо гард... қафо гард, ки ба сони ман нобуд мешавӣ... Ҳоло зудтар пеши модарат рав, писарам... рав! Боз вай аз дил гузаронд, ки мавқеи созвор дошт Усмон Азиз... дареғ, беҳуда ҳайф шудем, ба дом афтидем, ба доми макр... Пас ҷои оташро зулмоти беохир ишғол намуд ва Мурод пиндошт ба як чоҳи бетак сарнагун мешавад.
Усмон Азиз ба ў наздик рафта, каме ноҷунбон истод. Баъд тани беҷонашро ба эҳсоси нафрат чаппа кард. Мурод акнун ба пушт мехобид. Чашмони калон-калони мешиаш дар қайди ҳайрат ба осмон менигаристанд. Усмон Азиз қариб девона шуда, мобайни он чашмонро ба нишон гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё