Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лекин якбора чеҳраи гарми додарашро ба ёд оварда, дасташ ларзид, гўё нохост бемадор гардид. Чашмони Сулаймон низ айнан ба ҳамин ранг буданд: калон, мешӣ, банур...
Ў маузерро дар ғилоф андохта, вазнин қафо гашт.
Аҷаб коре!
Тирпаронӣ қатъ шуда буд.
Осмони худо баланд, замини зери он сабз...
Ғуломҳусайн, даҳонаш то баногўш, Анвари музтарро, ки сарлучу як дасташ кашола буд ва сахт лангида пой мемонд, пеш андохта меовард.
– Зи-инда ги-ир гу-уфтед, ана...
– Бар, ҷароҳаташро банд, – гуфт Усмон Азиз ва ба рўи Анвар нигоҳ ҳам наафканда, роҳашро идома дод.
Пас аз фурсате вай аз назди ҷасади Ҳасан, ки туфангашро маҳкам қапида, дар таки девори ғавшод уреб мехобид, хомўш гузар кард. Аз паҳлуи Қурбон низ, ки пеши китфаш дар ҷома ғарқоби хун буд, маҳзун ва ба сари андак хамида гузашт. Ва аз болои гулу сабзаҳои ҳанўз тар як-як қадам монда, рў ба талҳои сокит овард.

10 Шабонгаҳ... Қурси заррини маҳтоб дар сафҳаи нилгуни осмон, ки акнун ҷо-ҷояш абролуд буд, чун дар сатҳи ҳарир мулоим лағжида, ба кўҳнаавули васати талу пуштаҳои ин мавзеи хилват равшании нарм мебахшид. Аз гирду атроф ба ғайр аз фириқ-фириқ бинӣ афшондани аспу часаросзанон сўхтани ҳезуми арча дигар садое ба гўш намерасид.
Усмон Азиз дар кулбаи нимфатароти бедар, ки Ғуломҳусайн соате қабл дар оташдони мобайни он алав даргиронда буд, ба як бағал ҳезуми дар кунҷак низ интизори сўхтан назар дўхта, танҳо ва хомўш менишаст. Шояд кадом савобталаб захира кардааст ин шоху шаббаи хушкро. Ҳо дар он латта каме намак ҳам монда рафтааст...
– Хизмат, ака? – пурсид Қурбон, дар остона ҳозир шуда.
Усмон Азиз сар бардошта, ба риши сафедӣ дамида ва чеҳраи гандумгуни ў, ки дар партави оташу равшании моҳ аз будаш зиёдтар коҳида метофт, фурсате нигоҳ карда истоду

пешина
аз 551
навбатӣ