Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

даст ба офтобаи мисини пеши алав бурда, ба оҳанги меҳрубонӣ пурсид:
– Чой менўшӣ?
– Не-е, дилам намекашад.
– Китфат чӣ хел? Дард мекунад?
– Кам-кам... Бастамаш.
– Онҳоро гўрондед?
– Ҳа, дар пушти қутан... Чуқуртар канда нашуд… Бо вуҷуди ин нағз, ки як белча доштем.
– Аспи Анвар зинда?
– Бале, фақат аз они ҳамон зинда.
– Силоҳашонро ғундошта гирифтед?
– Ҳа-а, гуфтем – шояд лозим шавад.
– Вай чӣ хел?
– Кӣ?
– Анвар...
– Шиштааст хуни ҷигар хўрда.
– Ҷароҳаташ вазнин?
– Устухони дасташ сиҳат. Лекин пои росташ... Тир ба собунаки зону расидааст.
– Барои чӣ дод мегуфт?
– Барои шариконаш. Вақте ки онҳоро мегўрондем, дасташ баста бошад ҳам, хеле бардорузан кард.
– Рав, ўро гирифта биё.
Қурбон қафо гашт.
Усмон Азиз ба шўълаи нимҳоли оташ нигариста, дилаш сип-сиёҳ, беихтиёр дар андеша мерафт, ки вай, охир, ин саҳар аҳд намуда буд – дигар асло хун намерезад. Аммо чӣ илоҷ, гапи хона ба бозор рост намеомадааст. Ҳамин тартиб агар паяшро нарўбад, пас... худаш муфт нобуд мешавад.
Дидори зану фарзанд он тараф истад, ҳатто ба зиёрати хоки падару модараш расида наметавонад.
Чаро фалак ўро ба кўи чунин сарсониҳо андохт?
Вай дар пеши худованд чӣ гуноҳ дошт?
– Даро! – шунид Усмон Азиз.
Ва Анвар ба кулба қадам монд. Сараш луч, ришаш қадре расида ва дастонаш ба пушт баста буданд. Гиребони гимнастёркаву тугмаҳои палтои чарминаш боз, як почаи шимаш болотар аз мўза хунолуд...

пешина
аз 551
навбатӣ