Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лекин вай дар ҳамин аҳвол, чун уқоби озод дар фарози шах, мағрур меистод.
Қурбон дар остона буд.
– Кушо, – гуфт Усмон Азиз, ба сар то пои Анвар чашми маломат давонда. Ва баъде ки хизматгораш дасти ўро зуд аз чилбур кушод, бештар абру барҳам кашида, ғурунгид: – Ба ту ҷавоб...
Вай рафт.
– Шин, – гуфт Усмон Азиз.
Вале Анвар, ки ҳама вазнашро ба пои чап андохта, ҳоло банди дастонашро мемолид, ба девори кулба саҳл такя оварда, аз ҷой наҷунбид.
– Шин, – такрор кард Усмон Азиз. – Ба чӣ ин қадар ғам мехўрӣ? Кас… падараш мурад ҳам, дам гирифта-дам гирифта мегиряд. Вай-ку чанд бегона... Шин!
– Ман намешинам. Гапат бошад, марҳамат… – заҳрханд намуд Анвар.
– Ту боз маро ту-ту мекунӣ?
– Иззати қотил ҳамин!
– Ту одам накуштаӣ?
– То ҳоло не. Лекин минбаъд, ту баринҳо ба дастам афтанд, мижаам хам нахўрда... мекушам.
Усмон Азиз талх хандид ва даст ёзонда, аз кунҷак ду-се шох ҳезум гирифту онро шикаста, хаёлманд ба оташ андохт.
Дуди борике пилтавор печида, аз равзани барфу бороншустаи сақф оҳиста берун мерафт.
Анвар ба забонаҳои акнун тези оташ нигариста, ин дам бори чандум буд, ки дар пеши назар сурати рафиқонашро медид. Ана Мурод ба ҳамон тамкину таҳаммули азалиаш.
Саид... орзуи хондан дошт вай! Ҳасан механдад; аз ду бари рўяш ҷўя-ҷўя оби боронро ба кафи даст ситурда, ҳай механдад. Санҷар низ...
– Хайр, ҳоло ин шаккокиатро мебахшам, – гуфт Усмон Азиз. – Биё, аз дигар ҷой гап занем... Ҷавони бақувват шудаӣ.
Сарулибосат ҳам аҷоиб. Ё чӣ, мансаб доданд?
– Инаш ба ту дахл надорад, – гуфт Анвар, сахт карда.
– Модарат сиҳат-саломат? – боз дардолуд хандид Усмон Азиз. – Хоҳарат чӣ?

пешина
аз 551
навбатӣ