Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ту ҳоло ғами худатро хўр.
– Кофирҳо ба ту кӣ мешаванд, ки ин хел… аз ғазаби худо натарсида, дар қасди ҷони мо барин бандаҳои мусулмон мегардӣ? Ҳукумати шўро ба ту ҳам... албатта ягон чиз додааст. Масалан – замин, гав, гўсфанд...
– Вай ба ман савод омўхт. Чашмамро кушод.
– Акнун то куҷоҳо мебинӣ?
– То ҷое ки ақлам мерасад.
– Пас беақл будаӣ...
– Ақли ҳар кас ба худаш.
– ...Вагарна динатро фурўхта, ғуломи куффор намешудӣ.
Анвар бори дигар заҳрханд кард.
– Хайр, ҳеҷ қисса не: ҳоло ҳам фурсаташ.
– Фурсати чӣ?
– Фурсати аз ин насақ гаштан!
– Босмачӣ шавам?
– Аввало, босмачӣ нагўй. Ман ин лақабро бад мебинам.
Сониян... дурусттар фикр кун. Пешомадатро фикр кун. Онҳо ту ва ту барин содаҳоро аз раҳ зада, ба додару бародаркушӣ хезонда, баъд рўзаш меояд, ки лингатонро аз осмон меоранд.
Баъд шумо дигар ба онҳо лозим намешавед.
– Сафсата, – гуфт Анвар, ки пояш сахт дард карда, ҳамчунон банди ин ё он дасташро мемолид.
– Шин, худатро дар азоб намон, – гуфт Усмон Азиз, аз рўбарўяш ҷой нишон дода.
– Гапи ман якта!
– Ихтиёрат... – даме ба сукут рафт ў. Сипас рост ба чашмони Анвар, ки дар нимторикии кулба возеҳ наменамуд, чашм дўхт. – Лекин сухани маро сафсата гуфтанат беҳуда.
Ҳатто ғояти беадабӣ... Хоҳӣ-нахоҳӣ, зўр камзўрро оқибат мехўрад. Аз рўзи азал ҳамин тавр буд ва ҳамин тавр мемонад. Онҳо зўр, бераҳм, бисёр...
– Бисёр бошанд, чӣ?
– Корашон ки буд шуд, шумо барин аспу қамчинҳоро ба мисли наҳанг осон фурў мебаранду чор бешуури дигарро ғуломи ҳалқабаргўш карда, шираи ин мулкро бепарво макида мегарданд.
– Боз мегўям, ки сафсата! Ту агар онҳо гуфта, халқи русро дар назар дорӣ, вай худаш ҷафодида буд.

пешина
аз 551
навбатӣ