Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бар зидди ситамгарон вай худаш ба по хест. Гушна монд, ташна монд, ҷон канд, қурбон шуд... Ба ивази сад азоб ба озодӣ расид. Ва нағз, ки ба мо ҳам дасти мадад дароз карда, нафаси осуда овард, адолату маърифат овард.
– Ҳамин тавр?
– Бале, ҳамин тавр! Ҳукумати мо аз они камбағалон. Мо, мардуми камбағал, монанди шумо, давлатмандон, балохўр нестем, ба ҳамдигар муросо карда метавонем.
Усмон Азиз аз кисаи сари синааш як варақ коғази чорқатро берун оварда, бе эътино гуфт:
– Дар ин ҷо навиштаанд, ки агар мо ба ихтиёри худ таслим шавем, ҳукумат аз гуноҳамон мегузарад. Ҳамин гап рост... ё найранги дигар?
– Ҳукумати шўро ҳеҷ гоҳ дурўғ нагуфтааст ва намегўяд.
Ин як. Сониян... вай аз гуноҳи одамони раҳгум мегузарад.
Аммо душман ҷазояшро ҳатман мебинад. Аз ҷумла ту ҳам.
Махсусан баъди имрўза корат...
– Шумо хомришҳо, иншооллоҳ, ба чанги ман барин душман расида наметавонед, – гуфт Усмон Азиз ва коғазро даронда, зуд ба оташ андохт. – Лекин ту... нағз фикр кун. Агар не, оқибат хор мешавӣ дар ин диёр. Хоҳарат, хайр, шавҳар дорад... Ту ҳоло зан нагирифтаӣ?
– Мегирам!
– Албатта. Гап дар сари модарат бошад, вай ҳам рўзашро мебинад. Ту ояндаи худатро фикр кун. Аз як дег таом мехўрем гуфта, мегардӣ дар қатори он гушнапурзўрҳо?! Чусту чобук менамоӣ, шояд аз дастат калон-калон кор меояд... Воқиан, дар бачагиат ҳам зирак будӣ.
– Аз ин гапҳо мақсад чӣ? – ба тамасхур пурсид Анвар.
– Мақсад – ҳамаашро фаромўш куну ба ман гард. Дар он тараф мисли ту ҷавонон баҳо надоранд.
– Ҳмм, аҷаб меҳрубон шудаӣ!
– Ман ба ту ҳамеша меҳрубон будам. Лекин ба монанди маймун, ки бачаашро аз нағз дидан сахт-сахт ба оғўш гирифта, оқибат мекушад, ҳудаву беҳуда саратро сила карда, ба рўят намехандидам. Дар ёдат ҳаст? – ту, охир, дар ҳавлии ман калон шудӣ... Тобистонҳо дукаса тут афшонда мехўрдем, дар адирҳо писта мечидем, ба кўҳу дашт баромада, аспсаворӣ мекардем.

пешина
аз 551
навбатӣ