Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Туро баробари писарам дўст медоштам.
Чунки ба ман хуш меомадӣ, аз кўдакиат...
Усмон Азиз хомўш монд.
– Боз чӣ? – гуфт Анвар довталаб.
Усмон Азиз, қаҳраш омада, ба вай сахт як назар афканд.
Аммо боз худро ба даст гирифта, дар ҳамон мулоимат суханашро давом дод:
– Баъд каме вайрон шудӣ. Онҳо вайрон карданд туро.
Хайр, ин зиёда иллат не. Муҳиммаш – ҳоло ба маслиҳати ман гўш деҳ. Захми дасту поят... мегузарад. Имрўза ҳодисаро аз дилат бароварда парто. Ба ман гард, ки пушаймон намехўрӣ; зеро аз писари худам кам намебинам туро.
– Бас кун ташвиқатро! Ман ватанбезор нестам! – якбора аз ҷояш канда шуда, дод зад Анвар ва ҳамоно аз дарди ҷонкоҳи зону нафас дар гулўяш печида, гашта ба девор такя овард. – Ғайр аз ин... ту маккор, рўбоҳи аз дасти сад сайёд гурехта, касбаш – аз рўй занам шона, аз таҳ занам фона…
ба раҳматӣ падарам чӣ кор кардӣ, ки ба ман кунӣ!
– Оҳистатар! – низ тез шуда, гуфт Усмон Азиз. – Ман ба вай хеҷ кор накардаам. Ба аҷали худаш мурд. Боварат наояд, ҳамин ҳозир аз Қурбон пурс.
– Дар вақташ пурсида будам. Агар ту дар Қаршӣ зудтар ба деҳа равед гуфта, онҳоро аз бари ағба намефиристодӣ, эҳтимол ба ин рўзҳо расида, ниҳоят вай ҳам нони серӣ медид, танаш бутун мешуд.
– Ҳар кас аз хати пешонӣ донад.
– Хати пешонӣ... Пас барои чӣ худат аз ағба нагузашта, ба раҳи Шеробод омадӣ?
– Ман ҳазору як кор доштам.
– Дурўғ! Ту аз тарс ба онҳо наомадӣ. Медонистӣ, ки убури ағба сахт, хавфнок; нағз медонистӣ...
– Хайр, шуд! – ғазабаш ҷўшида, чун ба теғ сухани ўро бурид Усмон Азиз. – Дар ин хусус фардо гуфтугў мекунем, дар хоки Нилу... – Вай рў ба остонаи бедар оварда, ба овози баланд Қурбонро ҷеғ зад ва боз ба Анвар нигарист. – Мумкин аст дар он ҷо ба худ оӣ...
– Ту дар Нилу чӣ кор дорӣ?

пешина
аз 551
навбатӣ