МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ман? – гуфт Усмон Азиз, ба ғазабаш ногаҳон ҳайрат зам гардида.
– Бале, ту!
– Пўстатро меканам, бача!
– Кан, ман аз ту наметарсам.
Қурбон омада, даст ба пеши бар гирифт.
– Хизмат...
Аммо Усмон Азиз ба ў нигоҳ накард ва аз андоми Анвар ҳамчунон чашм набардошта, пурсид:
– Ту мегўӣ, ки ман дар Нилу чӣ кор дорам?
– Бале...
Усмон Азиз каме сукут карда, якбора хандид. Талх хандид. Сипас ба Курбон назар давонда, гуфт:
– Шунидӣ?
– Шунидам, ака.
Усмон Азиз нигоҳашро, ки ба мисли сурб вазнин буд, боз ба Анвар кўчонд.
– Агар фаромўш карда бошӣ, дониста мон: аввало ин ки Нилу зодгоҳам. Дуюмаш – ман, худоро сад шукр, дар он ҷо хонаву дар дорам, хешу табор дорам. Ба дидори ҳамдеҳагон мерасам, ёру дўстонамро мебинам.
– Ман фаромўш накардаам. Лекин ту ҳоло дар Нилу на хона дорӣ, на дар...
– Сабаб?
– Сабабаш – ҳавлиат мактаб шуд! Дар он хонаҳо акнун фарзандони мардуми камбағал мехонанд.
– Ин кори кӣ буд?
– Кори халқ, кори ман...
– Кори ту?
– Бале. Гап дар бораи хешу таборат бошад... Масалан, язнаат Саидназарро ҳамчун душмани синфи меҳнаткаш бадарға кардем.
– Пас дар Нилу ҳам калхоз сохтед?
– Сохтем!
– Аз гапат маълум, ки ба ҳамаи ин вайронкориҳо ту, дирўза гўсолаи рихин, сарвар будӣ. Ҳамин тавр?
– Дуруст, ман ҳам сарвар будам. Аммо ба вайронкориҳо не, ба ободкориҳо...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё