МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Барои чӣ хонаи худатро ба мактаб надода, ҳавлии маро таки по кардӣ?
– Агар бисёр донистан мехоҳӣ… дар хонаи ман ҳоло идораи калхоз.
– Ин хел бошад, язнаат Юнус албатта бадарға шудагист?
Вай ҳам ба монанди Саидназари мо деҳқони хокпош буд, камбағал буд.
– Рост, язнаи ман деҳқони хокпош, камбағал. Лекин Саидназари ту...
– Чӣ Саидназари ман?!
– ...каждуми таки бўрё! Вагарна ҳар ду барзагавашро аз тарси калхоз кушта, дар порухона гўр карда, ба номи марди деҳқон, мўъмину мусулмон иснод намеовард.
– Хуб кардааст!
Анвар даст афшонд.
– Хуб ё бад, дар ҳар сурат ҷазояшро дид.
– Яъне ки Саидназар рафту Юнус гаштааст?
– Киро бадарға кардан лозим, киро не – халқ мегуфт.
Барои ҳамин язнаи ман сиҳат-саломат. Вай имрўз раиси калхози Нилу.
Усмон Азиз, аз чашмонаш гўё шарора парида, маҷбур сукут меварзид.
– Хуллас, ки дунё дигар шуд, – акнун қадре ором суханашро идома дод Анвар. – Бинобар ин дар он деҳае ки як бор ба рўяш туф карда будӣ, дуюмбора нанамоӣ… ҳазор маротиба беҳтар.
– Ман ба зодгоҳам не, ба афту башараи ту лаин туф мекунам! – дод зад Усмон Азиз ва дандон фишурда, чобук аз ҷой хесту ба як ҷаҳидан ўро аз гиребонаш гирифта, мушт бардошт. Вале ҳамоно аз шасташ гашт. – Садқаи сояи дастам шавӣ ту бебасар! Садқаи меҳру муҳаббатам шавӣ... – Пас вазнин ба Қурбон рўй овард. – Бар ин намакзадаро!
Анвар ҳам, ғазабаш ҷўшида:
– Хоин... – гуфт ва панҷаи дасти сиҳаташ гиреҳ, музтар монда, сахт ва аламнок лаб газид.
– Ман хоин, ё ту гандамағз – фардо дар чашми пурхунат нишон медиҳам! – нешханд кард Усмон Азиз ва боз ба Қурбон нигарист. – Банд ўро! Маҳкамтар банд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё