МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ҳозир...
Баъде ки хизматгораш Анварро ба дастони аз нав дар пушт баста пеш андохта бурд, Усмон Азиз гузашта дар ҷои худ нишаст; ба оташ ҳезум партофт. Ва ба дуди тунуку забонаҳои сурхи он нигариста, гаранг ба хаёл рафт.
Гирдаи маҳтоб роҳи азалии хешро дар сафҳаи осмон ҳамчунон давом медод. Аз равзани кулбаи сангин ситорае бисёр дур ва хира метофт.
11 Таманно ин саҳар ҳам рўз сафедӣ задан баробар аз хоб хеста, калбузро дўшиду зуд ба кўча ҳай кард ва дарвозаро баста, бузғолаҳои беқарорро ба сабзазори поини ҳавлӣ ронд.
Шири дўшидаашро пухт, айвонро тоза рўфта, барои модари дардмандаш, ки инак оҳу воҳкунон дастурўй мешуст, дар чойҷўш об ҷўшонд. Ва нохост берун аз ҳавлӣ садои суми аспу боз ҳар гуна овози мағшушро шунида, дилаш дар изтироб тапид. Нахустин хаёле ки ба сараш зад, Анвар омадагист буд.
Аз ин рў вай чойники ҷумакаш пайванднокро дар пеши оташдон гузошта, аз суфаи таки айвон тохта фуромаду худро болои як тўда санг гирифта, аз сари девори боду бороншуста ба кўча нигарист. Ва...
Шах шуд!
Бале, Анвар омадааст, аммо дар чӣ ҳоле! Савори ҷирани зебояш, ў дар байни Усмон Азизу Қурбон ва боз як нафари ба Таманно ношинос, ки ҳама аспу силоҳ доштанд, чун асири ҳақир сархаму лоилоҷ мерафт. Имоми масҷиди деҳа мулло Салим, ба даст асо, дар рикоби Усмон Азиз даббадабба қадам монда, фаши саллааш гоҳо алвонҷ хўрда, ба вай чиҳое мегуфт; яқин гап маъқул мекард.
Аз пушту паҳлуи саворон ду-се каси дигар низ саросема дар ҳаракат буданд.
Офтоб нав рух менамуд.
Таманно, ба ҳоли Анвар раҳмаш омада, дар сурате ки дасту пояш меларзид, то дар хамгашти кўча пинҳон гардидани онҳо дар дил «ин чӣ кор буд, барои чӣ?..» – гуфта, аз қафояшон нигоҳ карда истод. Сипас тозон худро беруни дарвоза гирифт. Ва ҳамон хел тозон тангкўчаро гузашта, ба ҳавлии Юнус расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё