Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сахт-сахт нафаскашиву ваҷоҳати имдодталаби ўро дида, хоҳари Анвар тарсид.
– Чӣ воқиа рўй дод? – зуд пурсид вай, ки кўдакашро аз гаҳвора кушода, шир мемаконд.
– Ҳе-еҷ... – гуфт Таманно ба андешаи он ки агар Сабоҳат асири Усмон Азиз гардидани додарашро ногаҳон шунавад, шираш мегурезад, ё ба худаш ягон ҳодиса мешавад.
– Гап зан, охир! Барои чӣ ранги рўят парида? – дуюмбора пурсид Сабоҳат.
Вале дасту пояш карахт, Таманно дандон ба дандон гузошта, хомўш меистод.
Ниҳоят, дигар тоб оварда натавониста, вай ночор гирист; китфонаш ларзида-ларзида, ҳунгосзанон гирист.
– Юнус-ака дар куҷо?
Сабоҳат, аз ин ҳоли духтар лоҷарам ба дилаш алав ғалтида, мутаҳайир гуфт:
– Ним соат пештар харашро савор шуда баромад. Дашти Пойгаҳҷо рафта, аз ҷуфтгарон хабар гирифтан мехост. Намедонам... ё ҳозир дар идора бошад... О гап зан, ту ба вай чӣ кор дорӣ?
Таманно, ки ҳамчунон мегирист, ҷавобе надод, фақат:
– Ҳеҷ... – гуфту Сабоҳатро дар хонааш побанди сад хаёл мушавваш гузошта, бозпас кўча баромад.
Вай рў ба ҳавлии Соро-хола оварда, бало рўфтагӣ барин шитобон мерафт, гоҳо тохта мерафт. Аммо... даричаи ҳавлӣ, ки порсол инҷониб идораи калхоз буд, қуфл дошт.
Офтоб акнун қади найза баланд шуда, ба сар то сари деҳа нур мепошид.
Таманно дар пеши даричаи маҳкам истод-истоду фиғонаш бадтар боло гирифта, даршаст қафо гашт. Ва то охири тангкўча расида, чанд боғро ба суръат гузашта, дар пушти ҳавлии Усмон Азиз таваққуф кард. Дили бирёнаш сахт-сахт тапида, мадори дасту пояш хушк мешуд. Анвар, умеди зиндагиаш Анвар, ситораи дуру осмони бахташ, орзуҳои ширини шабгираш...
Вай чӣ хел ба чанги ин гургони одамхўр афтидааст?
Аз рўи ҳавлӣ пасту баланд овозҳо мебаромаданд. Таманно ларзаи дасту пояшро каме фурў нишонда, аз рахнаи девор ба дарун нигарист.

пешина
аз 551
навбатӣ