Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лекин нигоҳаш Анварро наёфт. Усмон Азиз дар лаби суфа ба сутуни айвони баланд такя карда менишаст. Муаллими деҳа, ҷавони газгўшти сиёҳчарда Каромат, ки аслан аз Дизак буда, қариб як сол муқаддам дар ҳамин ҷо, дар ҳавлии Усмон Азиз, ба маслиҳати Анвар худаш мактаб кушода, бачаҳоро дарс медод, дар ҳалқаи мулло Салим ва чанд нафари дигар ба вай рўбарў меистод.
Усмон Азиз бештар ба мулло нигоҳ карда, ором чизе мегуфт. Ҳозирон низ гоҳ-гоҳ овоз мебароварданд. Вале онҳо чӣ гап мезаданд, Таманно шунида наметавонист: ў тахмин дусад қадам дуртар, дар поини ҳавлӣ буд.
Анварро куҷо кардаанд?
Чаро вай наменамояд?..
Таманно як пешомади бад, як фоҷиаи вазнинро, ки мебоист ҳатман рўй диҳад, гўё ба мағз-мағзи вуҷудаш эҳсос намуда, дилаш боз таҳ кашид.
Ҳамин вақт дар саҳни ҳавлӣ хоҳари Усмон Азиз – зани Саидназари муштамзўр Ороста пайдо шуд. Вай тозон омада, ба пои бародараш ғалтид; чун навҳагар якбора фиғон бароварда, яқин аз тақдираш шикоят мекард Ороста. Ва талх мегирист. Баъд парида аз ҷой хесту ба гиребони Каромати муаллим чанг андохт. Аммо бародараш чизе гуфт, ки ўро даррав ба ҳоли худ гузошт.
Таманно аз ин манзара сахт метарсид. Андеша дошт, ки ногузир ягон воқиаи қабеҳ, фарҷомаш эҳтимол нангин, ҳатто хунрезӣ рўй медиҳад.
Куҷост Анвар?..
Ана, ана вай! Бархост, то ҳол дар пушти сутун менишастааст. Дар паҳлуяш ҳамон савори девсурати ба Таманно ношинос. Дар даст камон дорад, худаш қадбаланд, ҳайкали сиёҳ барин...
Таманно ларзид, гирист, ба хонаи дилаш гўё панҷаи оҳанине дафъатан фишор овард; қариб буд, ки пеши нафасаш баста шавад.
Вай боз ба Анвар чашм дўхт: сараш луч, кулфатгазидаро мемонд. Дар муқобили он барзангӣ ноустувор истода, гоҳгоҳ ҳарф мезад. Аммо сухани ўро Таманно намешунид.

пешина
аз 551
навбатӣ