Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чӣ мегўяд?
Чӣ мегўяд Анвар?..
Ягон роҳу равиши мувоффиқ, ягон илоҷи наҷот ёфтан лозим. Вагарна... аз ваҷоҳати онҳо маълум, ки ба Анвар осеб мерасонанд, яқин азобаш медиҳанд. Муаллим ҳам беҷазо намемонад... Тиру туфанг доранд лаънатиҳо!
Таманно дуру дароз ба сўи Анвар нигарист; дилу ҷигараш сўхта, ғарқоби хун шуда, ба ашки шашқатор нигаристу нигарист. Лекин чеҳраи гарми ўро, ифодаи чашмони ҳамеша меҳрубони ўро равшан дида натавонист.
Чӣ кор кунад?
Кӣ ба дардаш даво мешавад?..
Вай дар пушти девор боз каме истод. Ва ашки сўзонашро дар азоб фурў нишонда, ҷонсарак ба раҳи омадааш баргашт.

12 Вақте Усмон Азизу ҳамроҳонаш Анварро пеш андохта, дар иҳотаи мулло Салим, ки аз ғояти хурсандӣ қад-қад мепарид, ва се-чор ҳангоматалаби дигар аз дарвозаи баланди дутабақа ба ҳавлӣ даромаданд, Каромат муддате қабл аз хоб хеставу дастурўй шуста, акнун либос мепўшид. Вай садои суми асп ва омехта ба он боз як ғалоғуларо шунида, ҳамоно ба айвон баромад. Баромаду аввал саворони мусаллаҳ, Анвари сарлучу шимаш хунолуд, имоми масҷиду чанд деҳқони ба қавли одамон аз калхоз безорро дид. Сипас ногаҳон ба теғи нигоҳи Усмон Азиз дучор омад.
– Ҳамин, он ҷавонмаргзеб ҳамин! – риши тунукн зардинаашро ларзонда, ба овози борики каме хиросӣ қариб чирас зад мулло Салим.
Онҳое ки раҳораҳ аз қафои саворон кашола шуда, акнун мунтазири давоми ҳодиса меистоданд:
– Рост, ҳамин, – гўён сухани ўро тасдиқ карданд.
Усмон Азиз ба чашмони ҳайрони Каромат ҳамчунон дарғазаб муддате нигоҳ карду:
– Ту кистӣ? Дар ин ҳавлӣ чӣ наҷосат мехўрӣ? – гуфта, дар даст қамчин, аз сиёҳмушкин чобук фуромад.
– Аз гапи ана он муллои беимон маълум, ки ҳоло кӣ будани маро хуб медонӣ, – ба зудӣ ҳушашро ғундошта, далер ҷавоб гардонд Каромат.

пешина
аз 551
навбатӣ