Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Нагуфтам, нагуфтам, кӣ ин кофир худашро дар Ннлу ҳокими мутлақ меҳисобад! – ба нўки асояш заминро кўфта, боз фарёд кашид мулло Салим.
– Ман аз ту наҷис пурсидам: дар ин ҳавлӣ чӣ наҷосат мехўрӣ? – такрор кард Усмон Азиз ва пештар рафта, ба китфи ў, ки таки курта буд, бебаркаш қамчин фуровард. – Гап зан, мардумозор! – Вай дубора даст бардошт. Ва ин дафъа ба рўи муаллим як хати ғафси хунин давида баромад. – Ту худат маро шинохтӣ ё не?! Шинохтӣ ё не?!
Каромат аз зарбаи охирин сахт калавид ва бари гўшашро дошта, лаҳзае ба Анвар нигарист; маънидор буд нигоҳаш.
Ноилоҷ монда, гўё мепурсид: чӣ кор кунам?
– Натарс аз ин ватангадо! Дарандаи захмӣ барин аз таъқиби аскарони сурх гурехта, девона шудааст, – гуфт Анвар ва ҷаҳида аз ҷиран фуромад. Вале ба дарди ҷонкоҳи пояш тоб оварда натавониста, дароз ғалтид. – Натарс...
Қурбон тохта омад ва ўро аз таки кашаш бардошта, дар паҳлуи сутуни айвон шинонд. Анвар аз зўри дарду алам ва гирифтории залилона дандон фишурда, чашмонашро пўшид; оҳиста ба он сутун такя кард. Усмон Азиз ба вай ғазаболуд як назар андохта, боз ба Каромат рўй овард.
– Ку-у… гап мезанӣ ё не?
– Аз ту хўрдаву бурда, чандон шарманда нестам, ки гап назанам, – гуфт ў ва рост ба қиёфаи бераҳми Усмон Азиз нигариста, дасташро аз бари гўш гирифт.
– Пас шинохтӣ маро?
– Шинохтам. Ту Усмон Азизи гуреза, як оворагарди ғурбатзада. Вақтҳои бачагиам туро ду-се бор дар Дизак дида будам. Аспсавор мегузаштӣ...
– Гурезаву ғурбатзада будани ман ба худам, падарлаънати бедин! Нағзаш... ту ҳоло гўй, ки чӣ тавр натарсида, хонаву дари маро таки по кардӣ? Ё ту ва ба сони ту ифлосҳо гумон мебурдед, ки ман гашта намеоям?
– Ҳар чиз аввалу охир дорад. Аз ҷумла зулму тааддӣ ҳам...
Ту, ки аввал мардуми камбағалро шабу рўз хар барин кор фармуда, соҳиби таноб-таноб замину рама-рама гўсфанд шуда, қатор-қатор хонаву дар сохта, оқибат думатро хода кардӣ, мо ҳам як қисм ҳаққамонро гирифтем.

пешина
аз 551
навбатӣ