МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
«Ҷои хуфту хезаш», – нафратомез аз дил гузаронд Усмон Азиз ва аз бисоти муаллим рўй тофта, ба хонаи дигар рафт; вай дар замонаш меҳмонхона ном дошт... Ба мизу харакҳое ки аз ҳар намуд чўбу тахта шояд дар шитоб ва тавонам-натавонам сохта буданд, каме зеҳн монда истод. Сипас ба болору лўлавассаҳои мустаҳкам нигариста, пичирос зад:
– Инаш ҷои сабақ.
Ва ҳамон дам дарду озораш боло гирифта, вай хост ба Ғуломҳусайни гавзўр фармояд, ки ҳама мизу харак ва тахтаи сиёҳи дар пешгаҳ овезонро бароварда, дар саҳни ҳавлӣ оташ диҳанд. Вале ба сараш фикри тозае омаду аз нияташ гашта, ба хонаи чорум ҳатто нигоҳ ҳам накарда, тарафи болохона рафт. Аз поғундаҳои чўбин баромада, дар ҳолате ки дилаш аз ғояти ҳаяҷон ба шиддат метапид, дари кандакории онро гарму нарм кушод. Аммо болохона ҳам ғариб ва холӣ буд, аз гилему сандуқ ва кўрпаву болинҳои писандида осоре наменамуд.
Усмон Азиз дар канори дар гўё шах шуда меистод. Хотироте ки ў вобаста ба ин хона дошт, басо ғамангез буданд.
Додари орифаш Сулаймон охирин бор аз ҳамин ҷо хеста, ба ҷанги куффор рафт. Хабари марги вай падари худотарсашро оқибат дар ҳамин ҷо обу адо кард, модари меҳрубонаш низ дар ҳамин хона ҷон ба ҷаббор супурд...
Худи Усмон Азиз чӣ?
Пеш аз он ки ба газари ғурбат дарояд, чанд шаби дарозро ба сад хаёли мағшуш дар ҳамин болохона тани танҳо ба сар набурда буд магар?
Вай оҳ кашид ва дарро пўшида, аз зинаҳо оҳиста-оҳиста поин фуромад; аз назди ҳезумхона, ошхона ва анбор гузашта, ба сўи боғи аҷдодӣ рафт. Ҳаво соф буд, насими атрогин мевазид. Алаф то соқи мўзааш мерасид. Токи пуштаҳо ҳанўз барг набароварда буданд. Вале зардолу аз гул гашта, дарахтони себ акнун мешукуфтанд. Маълум, ки ин боғи калон бенигоҳубин мондааст, ҳатто токашро ҳам назадаанд. Боз дар назари Усмон Азиз чунин намуд, ки зардолуҳо кам шудаанд, чормағз низ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё