Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ё хато мекунад?
Не-е, рўз барин равшан – аз ин ҷо якбора се дарахт буридаанд, ҳо аз он ҷо ҳам! Ба шаш тан чормағз аз такаш арра мондаанд.
Кори кӣ бошад?
Чӣ хел дасташ намешиканад?
Барои чӣ дар дўзах намесўзад нобакор?
Усмон Азиз аз байни алафу ҳар гуна гулҳои умрашон кўтоҳ вазнин қадам андохта, нигоҳи бадардаш ташна, боғро чарх мезаду ҳоли табоҳи онро дида, оташи қасос дар дилаш бештар аланга мегирифт. Вай инро чашмдор набуд, хун рехтан ҳам намехост. Аммо... маҷбур шуд. Модом ки ба таъқибаш баромадаанд, модом ки хонаву дарашро таки по кардаанд... Усмон Азиз ба ҳимояи худ дигар сухан наёфта, боз оҳ кашид. Чӣ илоҷ? Фалак афканд ўро ба кўи номуродӣ. Боғ аст, ё ҳавлӣ… ҳар чӣ бошад, бесоҳиб ки монд, ногузир хароб мешавад. Кас агар шамшер бардорад, ҳатман ба шамшер бармехўрад.
Пас чӣ ҳоҷат ба чуну чаро гуфтан? Вай хонаву дарашро ба ихтиёри худаш партофта рафт. Ба ин ҳам қаноат накарда, дар даст тиру туфанг, маҳз ба майли худаш бозпас аз дарё гузашта омад.
Лекин чаро, барои чӣ?
Аз куҷо сар зад хатои ў?
Ба чӣ сабаб авзои замонаро фаҳмида натавонист?
Шояд ҳирси ҷоҳу ҷалол чашмонашро кўру ақлашро тира кард? Ё воқиан ҳам дар ғами миллат ва дину диёнат буд?..
Аммо бегумон ба рўзи сахт афтид вай. Пушаймони сипас суде надорад, – мегўянд дар урфият. Модом ки суд надорад, ҳоло туфи аз даҳон паридаро пас нагирифта, ғами фардоро хўрдан лозим.
Усмон Азиз то поини боғ рафта, танаи баъзе дарахтонро хаёлманд ва ба меҳр сила карда, сараш андак хам, қафо гашт.
Ва пештар омада, нохост дид, ки хоҳарашу бачаҳои ў, яке дар даст кўрпачаву дигаре дар китф палос, сеюмӣ болин бардошта, инак дар саҳни ҳавлӣ қатор шудаанд.
Баъде ки дар таки айвони дароз ҷои нишаст ҳозир карданд, Усмон Азиз аз рўбарўи Ороста ва се хоҳарзодааш, писарбачаҳои аз нўҳ то понздаҳсола…

пешина
аз 551
навбатӣ