Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– гуфт Халил ба табассуми хунук.
– Албатта метавонем, – гуфт Ато низ.
Усмон Азиз ба сўи Қурбон чашм партофт.
– Хез, аз силоҳи ғанимат гирифтаамон ба инҳо яктаӣ биёр.
Алалэҳтиёт...
Қурбон худи ҳамон лаҳза ба Халил ва Ато, ки бағоят хурсанд менамуданд, чанд дона тир ва дута туфанг оварда дод; онҳо қаноатманд баромада рафтанд.
– Ҳар ду ҳам марди ҳушёр, – фаҳмонд мулло Салим.
– Лекин гумон мебарам Халил маккор аст, – гуфт Усмон Азиз. – Бисёр...
– Комилан! Вай, охир, дар ҳафтодсолагии падараш ба дунё омада буд.
– Ин гапатон чӣ маънӣ дорад? – ҳайрон шуд ў.
– Маъниаш – беҳуда нагуфтаанд: гург агар пир шавад, рўбаҳ мезояд. Падари вай, раҳматӣ, аз гург бадтар буд. Деҳқонӣ ҳам мекард, чўпонӣ ҳам мекард, мардикорӣ ҳам мекард, дуздиву занозанӣ ҳам мекард. Хуллас, ки аз қабристон гузарад, устухон мебурд.
Аз чунин тафсир ба лабони Усмон Азиз саҳле табассум давида, ҳамоно нопадид гардид.
– Хайр, худатон чӣ тавр? Саломатӣ, бачу кач? – пурсид мулло Салим.
– Бад не, – кўтоҳ ва ба дили нохоҳам ҷавоб гардонд Усмон Азиз.
– Ин қадар сол дар куҷоҳо будед?
– Чӣ фарқ дорад?! – гуфт ў як қадар дурушт.
– Ҳамин хел... ба иродаи замир... аз дари сидқу сафо пурсидам, – даступо хўрда, китф барҳам кашид мулло Салим. – Пазмон шудем.
Усмон Азиз заҳрханд кард ва дигар чизе нагуфта, оҳиста бархост. Азбаски ин мўйсафеди муғамбир, дар лофу газоф беустухон ва дасташ қалбро аз айёми ҷавонӣ бад медид, ғашаш омада, ҳатто даст афшонд. Ва ба андешаи «чӣ илоҷ, аз беамакӣ харро амак гуфтаанд» пеш рафта, дари аввалин хонаро кушод, ки холӣ... Онро пўшида, ба дари вози хонаи дуюм сар халонд ва чашмаш ба як бистари нағундошта, як сандалӣ, ки дар болояш чанд китобу дафтар ва чароғи карасини шишааш ҳафтум меистоданд, инчунин ба як ҷомаи дар мехи девор кашол афтид.

пешина
аз 551
навбатӣ