МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
дар болои кўрпача як болинро зери оринҷ гирифта, ба мулло Салим нигарист: вай дар канори палос чаққон зону зада, акнун нишастан мехост.
Чашмони хурд-хурди зиракаш беқарор буданд.
– Ба шумо ҳам хизмат ҳаст, имом.
– Кошкӣ, тақсирам, – гуфт ў, фавран бархоста.
– Фаҳмед, ки Юнус... он раиси хонасўхта дар куҷо.
– Шумо омадан баробар гуфтам-ку: вақти азон харсавор аз пеши масҷид гузашта рафт, саросема буд.
– Медонам, гуфтед. Лекин куҷо рафт, кай меояд, ин шабу саҳар намеомада бошад, дар куҷо мешавад, ба кӣ... – ҳамаашро оҳиста мефаҳмед.
– Хизмат аз мо, тақсирам, – гуфт мулло Салим ва даст ба рўи сина гирифта, ғуломвор таъзим кард.
13 Соро-хола бетоқат буд, шаб-ку асло хобаш набурд. Симои дилосои Анвар аз пеши назараш дур нашуда, аз паҳлу ба паҳлу мегашт: ҳар гуна хаёлу тахминҳои яке аз дигаре бадтар азобаш медоданд. Вай ҳоло дар кадом кўҳу дашт?
Чӣ кор мекунад? Барои чӣ наомад? То кай ҳамин хел шабу нисфи шаб нагуфта, раҳми ҷони ҷавонашро нахўрда, деҳ ба деҳу дара ба дара мегардад?
Воқиан, ду-серўза меравам гуфта буд ў; роҳам то ба Нилу гуфта буд. Ин гапи писарашро фаромўш кардааст Соро-хола – аз тарсу таҳлука, ё аз асари пирӣ... Вай боз чӣ кор дорад дар Нилу? Хоҳараш Сабоҳатро албатта дида меомадагист; Таманноро ҳам... Кошкӣ ба ягон фалокат гирифтор нашуда, сиҳат-саломат бармегашт! Лекин, охир, кўза то кай лаби об рафта, нашикаста меояд?.. Э худои карим! Вай, кампири Соро, як муштипари умрашро дида, ошашро хўрда бошад, ба писараш чӣ ёрӣ дода метавонад? Душмандор шуд Анвар. Ин тариқ… ба ҳар кас – аз рўи меҳнаташ, акнун ҳама баробар гуфта, моли мардумро дар калхоз ҷамъ овардан гирад, яктанимта бою бадавлатро шумо ғаними одамони камбағал гуфта, ба куҷоҳо бадарға кунад, оқибати кораш чӣ мешавад?
Худаш оё беосеб мемонад? Он дафъа дасташро зада шикаста буданд. Ба ин тарафаш...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё