МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Тавба кардам ба даргоҳат, парвардигоро! – гуфт ҳамоно Соро-хола, гиребонашро дошта. Пас суфра оварда, дар як лагани хурд хамир шўрид.
Вай, ки субҳи содиқ аз хоб хеста, дилаш сип-сиёҳ, хоҳамнахоҳам ташвиши хонаро медид, ҳоло, чоштгоҳон, лоилоҷ қарор дод, ки ду-се кампири қуръонхонро хабар карда, ба ёди Бибимушкилкушо ҳафт тоқа чароғ дармегиронад; шояд душвори писараш осон гардад.
Ин буд, ки Соро-хола дарзи ба чашмони камбин нимдўхтаашро дар сўе гузошта, аз паи хамир шуд. Ва дар ошхона алав карда, ду фатири дегӣ пухт. Аз сандуқ қадре мавиз баровард. Сипас ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта, се пиразани покизаро, ки ба онҳо дар муддати беш аз як сол камобеш унс гирифта, то ҳадде ҳолдон шуда буд, ба хонааш даъват намуд.
Пиразанҳо зуд омада, дар атрофи суфра давра оростанд.
Аз пахта пилта бофта, ҳафт тақсим карданд. Ва онро ба равған олуда, болои санге гузоштанду оташ доданд.
Дар рўи суфра акнун ҳафт тоқа чароғ месўхт; ду-се мушт орд ҳам дошт суфра. Инчунин як ҷўра фатири дегиву як каф мавизи аз сандуқ баромада низ ҳамон ҷо меистоданд.
Кампири лоғаре оят мехонд. Дигарон гўшу ҳуш гардида, сархам ва хомўш менишастанд. Ба овози паст ва якнавохти пиразан гоҳо «ҷаз-ҷуз» карда, маҳин даргирифтани ҳафт тоқа чароғ ҷўр мешуд.
Ниҳоят ў лаб фурў баста, баробари ҳамсолонаш даст ба фотиҳа бардошт. Пас ба ҳикоят оғоз намуд.
Акнун Соро-хола ва ду кампири дигар ба чашмони маҳзун қиссаи Бобои хоркашро мешуниданд.
Ҳафт тоқа пилта то нисф сиёҳ гардида, дар рўи санги лайс оҳиста месўхтанд.
– ...Дар замонаш як мўйсафеди камбағал будааст, – нақл мекард пиразани лоғар. – Вай дар бисоташ як духтар доштааст. Бечора мўйсафед ҳар рўз се пуштора хор кашида, дар бозор фурўхта, барои худаш ва духтараш хўрданиву пўшиданӣ меёфтааст. Бинобар ин мардум ўро ба эҳтиром Бобои хоркаш мегуфтаанд.
Фарзанди мўйсафед коркун, баадаб, лекин сода будааст.
Як саҳар духтари подшоҳ ба чанд канизаку чил дугонааш аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё