МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
кўча гузашта, ба сайри кўҳсор мерафтааст, ки вай, ба онҳо ҳавасаш омада:
«Иҷозат диҳед, ман ҳам равам», – гуфтааст ба падараш.
Бобои хоркаш розӣ нашуда, ваҷҳ овардааст:
«Дар ҷое ки шоҳдухтар бошад, ту барин фарзанди камбағал зинҳор бояд қадам намонад, вагарна ягон нохушӣ рўй медиҳад».
Аммо духтар гириста, ба зориву тавалло иҷозати рафтан мегирад ва аз дунболи канизакону чил дугонаи шоҳдухтар ба раҳ медарояд. Касе ба вай намегўяд, ки ту кистӣ, куҷо меравӣ. Хайр... кадом духтари бегона ҳавас карда, кашола шуда омадааст, ҳеҷ қисса не!
Ниҳоят онҳо ба як дараи хушбоду ҳаво расида, дар лаби дарёи обаш мусаффо қарор мегиранд. Суруду мусиқӣ шунида, мерақсанду мефахранд; афсонаҳои нағз гуфта, аз таҳти дил хурсандӣ мекунанд.
Духтари Бобои хоркаш дуртар нишаста, аз дабдаба ва ҷамоли маҷлиси онҳо завқ мебурдааст.
Баъд канизакону дугонаҳои шоҳдухтар оббозӣ кардан мехоҳанд – аз бонуи худ иҷозат пурсида, зебу зинат ва либосҳои зебояшонро кашида, ҳамагӣ ба дарё медароянд. Дар соҳили аз гулу гиёҳ музайян духтари Бобои хоркаш ва шоҳдухтар танҳо мемонанд. Дигарон машғули оббозӣ, шўру шағаф, шодиву хушҳолӣ...
Шоҳдухтар ба хурсандии онҳо каме нигоҳ карда меистаду хандон:
«Ман ҳам як ба об дароям», – гуфта, зуд сарулибосашро мекашад ва нози гарданашро, ки ба хироҷи ҳафт мамлакат меарзидааст, оҳиста кушода, духтари Бобои хоркашро ба наздаш мехонад. Боз:
«То аз об баромадани ман инро дошта ист», – гуфта, нози гарданро ба дасти вай меқапонад ва ҳамоно тани нозанини худро дар оғўши дарё меандозад.
Бечора духтари Бобои хоркаш дар соҳил монда, нози гардани қиматманд дар домани куртаи фақиронааш, аз ғояти ҳайрат даҳонаш қадре воз, ба оби дарёву ҷастухези шоҳдухтар ва канизакону дугонаҳои ў нигоҳ мекардааст.
Қисса кўтоҳ, вай аз ин манзара гаранг шуда, хабар намеёбад, ки нози гардан чӣ тавр аз бари доманаш лағжида, ногаҳон ба дарё меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё