Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте шоҳдухтар ҳамроҳи дигарон ба соҳил мебарояд ва сарулибос пўшида, амонаташро мепурсад, ў нози гарданро баргардонда натавониста, шах мешавад. Гўё дар як лаҳза ба санг табдил меёбад.
Шоҳдухтар ва канизакону дугонаҳояш ғирев мебардоранд, ки дуздидааст, пинҳон кардааст...
Духтари Бобои хоркаш ғўра-ғўра ашк рехта, сад қасам мехўрад, ки аз мурданаш хабар дораду куҷо шудани он нози гарданро намедонад, ҳама вақт дар доманаш буд.
Аммо шоҳдухтар ба вай бовар намекунад ва мегўяд:
«Пагоҳ агар то ҳамин соат онро бурда, ба дастам насупорӣ, моли падарат – ба толон, худаш – ба куштан!»
Ў инро мегўяду дар иҳотаи канизакон ва чил дугонааш бозпас ба раҳ медарояд.
Духтари Бобои хоркаш ҳам аз дунболи онҳо гириста-гириста, ахир ба манзил мерасад. Падари мўйсафедаш, ки се пуштора хори овардаашро ба чанд танга фурўхта, бозорӣ карда, нав ба ҳавлӣ даромада будааст, ўро дар ин аҳвол дида, ба тарсу ларз мепурсад:
«Чӣ шуд?»
Духтар ҳамчунон гириста, воқиаро батафсил мегўяд.
Бобои хоркаш аввал ўро коҳиш мекунад.
«Ба гапам гўш надодӣ, ана оқибати корат… Акнун ҳар ду ҳам ҳалок мешавем».
Баъд худ низ гириставу ба сари духтар оҳиста дасти навозиш бурда:
«Хайр, гузар, ягон чиз хўрда, дурусттар дам гир. То пагоҳ худо подшоҳ...» – мегўяд.
Бо вуҷуди ин ғами мўйсафед кам намегардад. Шаби дароз хобаш набурда, вай фикр мекунад, ки ба кадом тартиб аз ин балои қазо халосӣ ёфтан мумкин. Худашро аз чанголи марги муқаррар ва ягона духтарашро аз дарбадарӣ, гадоӣ, гуруснагиву зиллат, ки баъд аз ҳалокати мўйсафед ҳатман ба вай ёр мешаванд, чӣ тавр эмин медорад? Мушкилашро ба кӣ гўяд? Аз куҷо мадад ҷўяд?..
Ў ҳар қадар ба хаёл равад, рўзи минбаъдашро ҳамон дараҷа сиёҳтар мебинад.

пешина
аз 551
навбатӣ