Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба назараш на ройе менамояд, на тадбире... Аслан кӣ мерасад ба фарёди бандаи камбағал?
Ниҳоят пояш аз замину дасташ аз осмон канда шуда, Бобои хоркаш таваккал ба худо мегўяд ва субҳгоҳон досу шоха ва арғамчин гирифта, аз паи ҳаррўза ташвиши худ боз ба дашт меравад. Вай дар он ҷо гурусна, сараш пур аз савдо, базўр хор мезаду ояндаи духтарашро пеши назар оварда, дилаш сад пора мегардид.
Ҳангоме мўйсафед ба як бутта хори калон шоха монда, беҳолона дос бардошт, ба гўшаш овозе расид:
«Агар хонаи маро вайрон накунӣ, гиреҳат мутлақо кушода мешавад».
Бобои хоркаш аз ин нидои ногаҳон аввал метарсад, сипас дар ҳайрат монда, оҳиста мепурсад:
«Ту кистӣ, инсӣ ё ҷинсӣ? Овозат – овози одам, лекин кас магар дар буни хор ҳам манзил мегирад? Ғайр аз ин... барои чӣ ман туро намебинам? Аз куҷо гап мезанӣ?»
Ба ин пурсиши вай аз таки он хори калон чунин ҷавоби муфассал меояд:
«Ман Бибимушкилкушо ном дорам. Солҳост, ки ба хоҳаронам Бибизулмуроду Бибисешанбе ба одамони дармонда мадад мерасонам. Хонаам... чӣ гўям? – дар ҳар макон; дар гузаргоҳи ҳар касе ки ба сараш кулфат омадааст. Ту ҳам имрўз дар азобӣ, лекин натарс, ноумед нашав, иншооллоҳ, душворат осон мегардад. Фақат ин ки манзили маро вайрон накун – ин хорро назан. Кам бошад ҳам, боратро бурда фурўш. Ба ту аз ҳаррўза зиёдтар пул медиҳанд. Ба қисме аз он тангаҳо як ҷўра нону як каф мавиз харида, ба хонаат рав ва се пиразани покизаро даъват намуда, ба онҳо фаҳмон, ки дар рўи суфра ба номи ман як тоқа, ё се тоқа, агар хоҳанд, ҳафт тоқа чароғ даргиронда, оят хонанд. Баъд мушкилатро баён дор ва ба ман вохўрданатро ҳам гуфта, боз фаҳмон, ки нону мавизро ҳафт тақсим кунанд. Як ҳиссаашро худат хўр, се ҳиссаашро онҳо хўранд, се ҳиссаи дигарашро ба ду-се беваю бечора диҳанд. Ин хоҳиши маро ҳатман ба ҷо ор, ки пеши раҳат кушода мешавад; ҳар кас ба ту қасд карда бошад, паст мегардад...»
Бобои хоркаш ҳамин овози ғайб беҳуда набудагист гуфта, андак рўҳ мегирад ва хори то он вақт задаашро, ки ним пуштора барин будааст, зуд банд андохта, манзили дуру дарозро гузашта, бозор меравад.

пешина
аз 551
навбатӣ