Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Воқиан ҳам… дар бозор як бойбача бори ўро бе ягон савдо ба бист танга харида, ба ғуломаш мефармояд, ки хона барад.
Бобои хоркаш, ки ҳатто ба ивази даҳрўза заҳмати худ ин қадар пул намеёфт, аз омади кораш хурсанд мешавад. Ва ба растаи нонфурўшӣ рафта, мувофиқи таъини Бибимушкилкушо як ҷўра нон мехарад. Ба растаи дигар гузашта, як каф мавиз ҳам мегирад.
Хаёлаш пайваста ба фарзанд, ҳодисаи дар дашт рухдодаро дафъаи чандум буд... ба хотир оварда, мўйсафед нону мавизро акнун дар рўймол мебастааст, ки аз куҷое ду нафар сарбоз пайдо шуда, ўро асир мекунанд. Ва дарғазаб:
«Дирўз духтарат нози гардани духтари подшоҳро дуздидааст. Раҳмашро хўрда, ба вай мўҳлат дода бошанд ҳам, барнагардондааст. Бинобар ин молат – ба толон, худат – ба куштан!» – гуфта, бечора Бобои хоркашро пеш андохта, то дарвозаи арк мебаранд.
Дар он ҷо ба пояш кундаву ба дасту гарданаш завлона зада, ўро дар таки девор танҳо мемонанду худ ба назди шоҳдухтар мераванд.
Мўйсафед дар интизори марг ашки пушаймонӣ рехта, ба ҳасрат аз дил мегузаронад, ки дареғ, ба охирин умедам расида натавонистам – ба ёди Бибимушкилкушо дар хона чароғ даргиронда, дуо хонондан муяссар нашуд. Шояд дар ҳамин ҷо низ илоҷе бошад? Нону мавиз дар миёнбандаш, барои пилта... ана, аз мағзи ҷомааш пахта кандан мумкин, дар киса чанд дона гўгирд ҳам дорад.
Аммо кӣ... кадом бандаи худо ба вай гўш медиҳад? Кӣ дар паҳлуи ў нишаста, хоҳишашро иҷро мекунад? Ба хонаат се пиразани покизаро даъват фармо... гуфта буд Бибимушкилкушо, ҳамонҳо чароғ даргиронанд, ҳамонҳо оят хонанд...
Лекин вай ҳоло… худаш ки бандӣ аст, се нафарро аз куҷо меёбад? Дар пеши ин бораи баланд киро аз раҳ боздоштан мумкин? Аз номи подшоҳ, аз арки ў, аз ваҷоҳати посбонҳои дами ин дарвозаи калон ҳама метарсанд.
Пояш дар кундаву дасту гарданаш дар завлона, ба чунин хаёлҳо мерафтааст Бобои хоркаш.

пешина
аз 551
навбатӣ