МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ва пас аз марги ман аҳволи ягона духтарам чӣ мешавад гуфта, юм-юм ашк мерехтааст. Бо вуҷуди ин вай якта-нимта занҳои раҳгузари синну солашон ба ҷое расидаро дар зориву тавалло боздошта, арзашро баён мекардааст.
Вале онҳо:
«Ақлатро хўрдаӣ магар? Ҳамин замон худатро ба куштан мебаранду аз чароғ даргирондан, ё оят хондан чӣ фоида?
Як пора нону чанд дона мавизи ту ба кӣ даркор?» – гўён ба ҳоли ў хандида, ё баръакс раҳмашро хўрда, дар шитоб гузашта мерафтаанд.
Муйсафед тамоман ноумед шуда:
«Ҳай дареғ, ба ваъдаам вафо карда натавонистам, – мегўяд дар дил. – Инак ҷаллодҳо омада мебарандам...»
Вай ҳамин гуна ноилоҷ монда, дар сари кўи марг менишастааст, ки аз бараш ду пиразан мегузаранд. Бобои хоркаш боз таваккал мекунад ва онҳоро нигоҳ дошта, ба чашмони гирён мақсадашро мегўяд.
Пиразанҳо, ки ба ҳам ҳолдону роздон буда, яке аз паи табиб ва дигаре назди фолбин мерафтаанд, раҳмашон омада, гуфтаҳои мўйсафедро ба ҷо меоранд – аз мағзи ҷомааш каме пахта канда, як пилта мебофанд; рўймолро аз миёнаш кушода, дар пеши вай ба нону мавиз паҳн мекунанд; аз кисааш гўгирд гирифта, пилтаро дар болои кунда мемонанд ва онро оташ дода, аз Қуръони карим оят мехонанд.
Ҳар ду пиразан ҳам серташвиш ва ғамгин будаанд, саросема будаанд. Писари яктааш ҳамон саҳар аз зини асп парида, гарданашро мешиканад; писари дигараш гум шуда, ним сол боз даракашро намеёфтаанд. Аз ин рў яке ба хонаи табиб мерафтааст, дигаре назди фолбин...
Он ду пиразан пас аз оятро хонда фуровардан мушкили Бобои хоркаш ва ҳамонрўза саргузашти ўро шунида, мутаассир мешаванд. Ва нону мавизро ҳафт тақсим карда, ҳар кадоме ҳиссаи худро нав ба даҳон мебурдаанд, ки давидадавида он ду сарбоз меоянд ва аз мўйсафед узр пурсида, кундаро аз пояш, завлонаро аз дасту гарданаш кушода:
«Ба шумо ҷавоб, – мегўянд. – Дар фалон дарё як моҳӣ ба тўр афтида, нози гардани шоҳдухтар ёфт шуд; вай дар шиками ҳамон ҷонвар будааст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё