Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боз мегўянд, ки:
«Аз мо наранҷед, вай дар ҳақиқат ба дарё ғалтида, духтаратон бехабар мондааст...»
Аз ин сухани онҳо Бобои хоркаш дар куртаи кўҳнааш нагунҷида, гарду чанги доманашро афшонда, акнун ашки шодӣ мерехтааст, ки як бача тозон омада, ба ҳар ду пиразан низ мужда расондааст:
«Хезед, зуд ба хонаатон равед, – писари шумо сиҳат шуд, писари шумо ёфт шуд!»
Кампири лоғар ҳикояташро то ҳамин ҷо оварда, лоҷарам сукут кард, гўё нохост дар банди хаёл монд.
Соро-холаву пиразанҳои дигар низ хомўш буданд.
Дар рўи суфра як ҷўра нону як каф мавиз ва каме орд ба назар ҳайрон менамуданд.
Ҳафт тоқа чароғи болои санг тадриҷан сўхта, сип-сиёҳ хокистар шуда буданд.
– Аз ҳамон рўз эътиборан, – боз лаб ба сухан кушод кампири лоғар, – ҳар касе ки ба сараш ягон мушкилӣ ё кулфат омада бошад, се пиразани батоатро даъват намуда, дар суфрааш як ҷўра нону як каф мавиз монда, ба ёди Бибимушкилкушо чароғ дармегиронад ва қиссаи Бобои хоркашу духтари ўро ба хотир меорад... Дар номашон мурам, ҳа-а... Мушкили шумо ҳам осон шавад, Сорохон. Илоҳӣ омин, писаратон Анварҷон, дар куҷое ки бошад, тандуруст омада, вазнинатонро ҳамеша сабук гардонад! Оча-бача ба муроду мақсад расед! – баробари ҳамсолони худ даст ба рўй кашид пиразан ва як фатирро гирифта, ҳафт пора кард.
Ва аз ҳафт пора кам-кам пучида, он резаҳоро ба Сорохола доду:
– Хўред, дардатон занад, – гуфт.
Мавизро низ ҳафт тақсим карда, аз ҳар кадомаш як донаяк дона гирифта, боз ба вай дод.
– Инашро ҳам хўред, мурам!
Баъде ки Соро-хола гуфтаи ўро ба ҷо овард, пиразан аз ҳафт ҳисса нону мавиз чор ҳиссаашро дар пеши ҳама, аз ҷумла худаш... ҷиддӣ ва ба тамкин гузошта:
– Хотиратонро ҷамъ дореду гиред... – гуфт аз фарҷоми кор хурсанд.

пешина
аз 551
навбатӣ