МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Дигарашро бачаҳои ҳамсоя мехўранд, савобаш мерасад. – Сипас вай ба даҳони қариб бедандонаш як дона мавиз бурда, илова намуд: – Анварҷони шумо ҳам, иншооллоҳ, сиҳат-саломат бармегардад.
14 Нилу деҳаи зебо буд. Алалхусус кўҳи Ҳафтсар, ки тахмин ним фарсах дуртар, дар пушти талҳои пасту баланди аксар сангин, афсонавор қад афрохта, қуллаҳояш ҳамеша барфпўш буданд, ба ин деҳаи на чандон калон ҳусну тамкини тоза мебахшид. Аз тарафи шимолу ғарб, аз таки барфу яхи чандинсола ва дили чашмаҳои зулоли ҳамин кўҳ, як рўдаки шўх ҷорӣ гардида, дар шўру фиғон аз канори Нилу мегузашт ва хеле сарнишеб рафта, ба дарёи Кофрун мерехт.
Деҳа сиву панҷ хонавода, як кўчаи рост, чанд тангкўчаи каҷу килеб ва як масҷид дошт. Азбаски дар баландӣ, қариб дар сояи Ҳафтсар ҷой гирифтааст, зимистонаш дароз, тунд, бадҷаҳл... Баҳораш ҳам серноз. Баъзан мешавад, ки дар водӣ офтоби сўзон бошад, дар ин ҷо борон меборад, ё нохост шамол хеста, аз боло, аз бари ҳафт қуллаи кўҳ, нафаси барфҳои сардро меорад.
Ҳоло низ ана... то ин дам ҳаво соф буд. Офтоб бедареғ нурпошӣ карда, абре ба назар наменамуд. Вале акнун, дар айни нимарўз, аз бағали Ҳафтсар ногаҳон абрҳои тира қад кашида, зуд ба ғалаён омаданд. Ва осмони деҳаро ҳам ба тасарруфи худ дароварда, рўи офтобро билкул бастанд.
Атроф ба мисли шомгоҳон каме торик шуд.
Баъд дару тирезаи хонаҳоро ларзонда, раъд гулдурос зад.
Боз ва паёпай...
Садояш чунон баланд ва даҳшатнок буд, ки гўё кадом деви сиёҳ ду кўҳро дар ду дасташ бозӣ доронда, ғазаболуд ба ҳам мекўфт.
Гоҳ аз наздик ва гоҳ дуртар таноби барқ морпеч ҷаҳида, синаи абрҳоро чун ба шамшери оташин чок мекард ва лаҳзае ба сари ҳама мавҷудот нури бисёр тези кабудфом рехта, то як мижа кашидан аз нав нопадид мешуд.
Чор аспи нимқантар, ки дар таки соботи дароз, дар қариби чор тути навдаҳои сурхчатобашон акнун баргкушодаи саҳни ҳавлӣ, баробари тира гардидани ҳаво гўшҳои худро сих карда меистоданд, ҳоло бетоқат ёл афшонда, зуд-зуд пой мекўфтанд, шиҳа мекашиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё