МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Дар байни онҳо аспи Анвар аз ҳама бесаранҷом буд. Гарданак задаву ба ҳар ҷониб тоб хўрда, чашмони калон-калони чун чоҳ амиқаш ғамгин, касе ё чизеро меҷуст ҷонвар.
Аммо намеёфт ва...
Шиҳа мекашид; баҳасрат шиҳа мекашид.
Сипас борон омад. Омехта ба жола чунон сахт омад, ки дар як дам гули себу аксар барги дарахтони зардолуро аз шохҳояшон канда, ба замин хобонд. Ҷўи канори боғ ва пастиҳои рўи ҳавлиро пур аз об кард; ба боми хонаҳо тасартусур бархўрда, аз новадонҳо шаросзанон рехт.
Ва ниҳоят каме суст шуд, боз каме...
Усмон Азиз, ки ба ҷомаи беастари худ печидаву дар болои кўрпача ба лўлаболин такя зада, аз рашши борон чашм намеканд, ҳангоме Қурбон чой дароз кард, хеста чорзону нишаст ва пиёларо гирифта, дар пешаш монд. Дастархонро кулчаҳои равғанину нони чапотӣ, чакка, равғани шикамба, панир, мавизу чормағз ва дар табақи калони чинӣ пора-пора гўшту дунбаи якҷоя ба ҷигар бирёншуда оро медоданд. Усмон Азиз ба ҳамшираи худ Ороста рўбарў менишаст. Хоҳарзодаҳо низ дар сари дастархон буданд, лекин аз Қурбону Ғуломҳусайн поинтар... Гўштро ҳамин ҳозир Ҳомид аз ошхона чусту чобук оварда:
– То шўрбо пухтан аз ин гирифта истед, – гўён бозпас назди дег рафта буд.
Аз табақ ҳавр мебаромад.
Бачаҳои Ороста ба он чашм дўхта, қурт-қурт оби даҳон фурў мебурданд.
Усмон Азиз ин ҳолати хоҳарзодаҳояшро ҳис карда, ба ҳар чораш якпораӣ гўшти нағз дод. Пас ба Ороста ва баъд ба Қурбону Ғуломҳусайн нигарист.
– Марҳамат…
Ва худаш аввалин шуда, насиба гирифт. Гўшт мулоим, хушнамак ва бисёр ширин буд. Аҳсант, ба ҳунар бирён кардааст Ҳомид.
– Сахт борид, – гуфт Қурбон гўё дар омади гап ва низ баробари Ғуломҳусайн даст ба табақ бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё