Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа-а, хости парвардигори ҳаждаҳ ҳазор олам... – хаёлманд ба сухан омад Ороста.
Вай саҳар боз қариб ҳеҷ чиз намехўрд. Аз бародараш гарм-гарм аҳвол мепурсид, дарди худашро гуфта, аз сарнавишт шикоят мекард; гоҳо талх мегирист, гоҳи дигар аз навигарӣ ва ҳодисаҳое ҳарф мезад, ки солҳои охир дар деҳа рўй додаанд – чӣ тавр ба иҷбор калхоз сохтанд, кӣ ба он тарафдор буду кӣ зид, чорво ё замини киро зўран гирифта, дар байни кадомиҳо тақсим карданд, кӣ бадарға шуд, кӣ мурд, кӣ бародари вай Усмон Азизро ба ёд меовард ва чӣ хел – ба суханҳои бад ё нек...
Ороста инчунин ба ошхона рафта, дегу табақро медид, чой мемонд; ба кори Ҳомид, ки саҳар аз хонааш як гўсфанд оварда, чаққон кушта буд, дасти ёрӣ мерасонд. Ва боз пеши бародараш меомаду ба чеҳраи гадумгуни ў, ба чашмони гиро ва дар айни замон хастаи ў ба шафқат назар медавонд; нигоҳи мушфиқаш маҳзун буд.
Ҳоло ҳам Ороста ба табақ даст дароз накарда менишаст ва баъзан ноаён ба рўи Усмон Азиз менигарист. Пас нўки сарандозашро ба кунҷи дидаҳо бурда, нафасаш гиреҳ баста, бадард оҳ мекашид.
– Ғам нахўр, хоҳарам, гир… гўшт гир, – гуфт дар саҳле табассум бародараш, ки яқин ба нигоҳҳои маънидори вай тоб оварда наметавонист.
– Ман ғам нахўрдаам, ҳамин тавр... дилам худаш менолад, – низ маҷбур табассум кард Ороста ва даст ёзонда, як пора ҷигар гирифт.
– Илоҷашро ёб, ки нанолад. То метавонад… одам бояд аз сатҳи қисматаш болотар бошад.
Усмон Азиз инро гуфту ҳамоно пушаймон шуд. Ва устухонеро, ки нав мехоид, дар лаби дастархон партофта, фикр кард, ки оё дили худаш шабу рўз наменолад. Магар худи вай метавонад ба сарнавишт ғолиб ояд? Ҳаргиз... Пас Ороста ҳам наметавонад. Ба хусус ки ў фақат як нафар зан аст, модари зор аст. Бар замми ин бешавҳар монда, ҳоло... мурғи паршикастаро ба хотир меорад. Панҷ фарзанд дорад. Чортааш ана, дар ин ҷо нишастаанд, дигараш – духтар, аз рўи гапи Ороста вай имрўз хонабонӣ мекунад.

пешина
аз 551
навбатӣ