Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бечора хоҳараш!
Онҳоро чӣ тавр ба воя мерасонад? Ин гуна танҳо бошад, дасткўтоҳ бошад... Шавҳараш бадарға шудааст. Дар деҳа ягон хеши наздик ҳам надорад, ки дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ муттако гардад.
Вай, бародараш Усмон, солҳо инҷониб бори ғарибӣ мекашад ва акнун, дар ғами Ороста будан як тараф истад…
намедонад, ки сари гирдгардони худашро ба кадом санг занад. Ғамаш – ҳар чи зудтар дарёро гузашта, сиҳат-саломат ба дидори зану фарзанд расидан... Хуллас, ки сахт аст рўзи хоҳараш Ороста. Дар чунин вазъият албатта дилаш менолад, албатта оҳ мекашад, мегиряд. Ва ин гуна баланд омада, беҷо насиҳат кардани Усмон Азиз ҳеҷ фоида надорад.
Ороста, ки саҳар боз аҳволи бародарашро хуб дарк менамуд, ба қиёфаи андешаманди вай даме назар дўхта, нохост пурсид:
– Меравед? Тамоман...
Усмон Азиз дар ҷавоби ин суоли ў чизе нагуфт, фақат ба ишораи тасдиқ сар ҷунбонд. Ва ҳамчунон дуру дароз хомўш нишаста, ниҳоят ба сухан омад:
– Чӣ илоҷ, дар пешониам навишта будаанд.
Ороста ин дафъа чашмонашро ба нўки остин пок карда, аввал ба табақи гўштбирёни дастархон ва пас ба Усмон Азиз нигарист.
– Гиред, акаҷон, боз як-ду пар гиред, хунук шуд.
Вай ба Қурбону Ғуломҳусайн низ рўй овард.
– Шумо ҳам гиред...
Ва баъде ки ғайр аз бародараш дигар ҳама, аз ҷумла чор писараш даст ба табақ бурданд, ором бархоста, бе шитоб тарафи ошхона рафт: дар он ҷо метавонад то холӣ шудани дили афгораш, то паст гардидани дарду алами сангинаш оби дида резад! Чӣ лозим бародари бе ин ҳам дар азобашро боз ба доми ғусса кашидан...
Вале Усмон Азиз то ба ошхона даромадани хоҳараш аз қафои ў нигоҳ карда истоду бештар ғамгин шуд. Ҳама вуҷудаш гўё ларзида, нисбат ба онҳое ки сабабгори дар чунин рўзи бад афтидани Ороста ва рў ба ғурбат овардани худи вай буданд, ҳисси нафраташ дучанд гардид. «Интиқом, интиқом бояд гирифт...»

пешина
аз 551
навбатӣ