Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– мехонд шайтони раҷим ба гўшаш, торафт ўро дарғазаб карда.
Вай аслан гумон надошт, ки ягона хоҳарашро то ин дараҷа хору забун ва ҳавлиашро дар ихтиёри кадом хабис қариб валангор мебинад. Агарчи ақл давонда, дар ҳар сурат мефаҳмид: модом ки ў ҳамаашро партофта, душманвор баромада рафт, ҳукумат онро хоҳ-нохоҳ соҳибӣ мекунад. Ба ин ҳолат афтидани хоҳараш ҳам албатта бесабаб нест. Шояд язнааш Саидназар дар ҳақиқат ба онҳо гардан нафуроварда бошад. Ҳар як ҳукумат нахуст мақсаду маром дорад, қонуну қоида дорад; аз раияти худ, масалан, талаб мекунад, ки аз он раҳ баргардед, ана ба инаш равед. Балки роҳи сеюмро муносиб медонад… Ва нафаре агар аз хати кашидааш берун шавад, ҷазо надида намемонад. Давлатдорӣ аз рўзи азал ба ҳамин насақ пойбарҷо будааст ва то ҷаҳон боқист, ҳамин тавр давом хоҳад ёфт. Чӣ илоҷ... вай агар ба имдоди хоҳараш расида метавонист, агар барои сабуктар гардидани бори ғами ў воситае пайдо мекард, тадбири дурусте меандешид, пас олам гулистон мешуд.
Лекин ҳайҳот, ки худаш ин тариқ овора, рўзаш ҳама тира, дилаш реш-решу сараш пур аз савдо...
Баъд хаёли Усмон Азиз рафта ба Пешовар пайваст. Зану фарзандонаш чӣ ҳол дошта бошанд? Шояд танҳоӣ мекашанд; ва чашмашон бе шубҳа дар раҳи ў чор будагист.
Вай ба онҳо ҳатто нагуфта буд, ки то куҷоҳо меравад, ба чӣ мақсад аспашро зин зада, Қурбону Ғуломҳусайнро ҳамроҳи худ гирифт... Бале, нагуфта буд!
Зеро умед дошт, ки музаффар баргашта, зану фарзандонашро шод карда, онҳоро сарбаланд боз ба зодгоҳаш, ба Нилу меорад. То охири умр аз ҳавои шифобахши ин деҳаи ба ҷону дил баробар озод нафас кашида, орому осуда даври пирӣ меронад. Вале тираш ҳамоно хок хўрд. Рост мегуфтаанд, ки ман дар чӣ хаёламу фалаки гардон дар чӣ хаёл.
Усмон Азиз бари ҷомаашро ғундошта, аз нав ба болин такя кард. Чашмонаш мағмум, акнун ба чор тути бедонаи рўбарў менигарист ў. Намедонад, ки онҳоро кӣ шинондааст – бобояш ё падараш? Шояд каси тамоман бегона… Ҳар кӣ бошад, вай ин боғи бавусъату ин тутҳои бавиқорро бисёр пазмон мешуд; ҳатто гоҳ-гоҳе ба хобаш даромада, дили бечораашро ба шўр меоварданд...

пешина
аз 551
навбатӣ