Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Борон дигар намеборид.
Аспи Анвар ҳамчунон бетоқат буд – гўшҳояш най барин сих, ба ҳар тараф чашм давонда, зуд-зуд пой мекўфт.
«Эҳтимол соҳибашро меҷўяд ҷонвар», – гуфт ба худ Усмон Азиз ва овони бачагиву имрўза вазъияти Анварро пеши назар оварда, бо вуҷуди он ки дина боз аз беадабиҳои ў сахт оташин мешуд, ба ҳоли вай дилаш сўхт. Ёдат бахайр, рўзҳои рафта! Чӣ айёми босаодат, рангин ва пур аз шодмонӣ буданд он айёми дур... Айёме ки модари мушфиқаш зинда буд, додару хоҳараш аз ғаму ғуссаи олам хабар надоштанд... Ҳар тобистон ў ва Сулаймон ҳамин чор бех тути бедонаро шохшох афшонда, ҳамроҳи падару модар ба чӣ сурур тут мехўрданд! Пас аз он ки додари азизаш ба Бухорои шариф илмомўзӣ рафт, Усмон худаш танҳо тут меафшонд. Ин кор ба вай бисёр хуш меомад. Баъди солҳо Анвар... бале, ҳамин Анвар, ки резачини дастархонаш буду ҳоло душман аст, бе гумон дар қасди ҷонаш аст… ба ў ҳамдастӣ мекард – ё дар поин чодар медошт, ё боло баромада, банди шохҳоро ба мўҳраи теша мекўфт. Ва гур-гур тут мерехт...
Он вақтҳо Анвар як бачаи шўхтабиат ва бебок буд. Аксар аз дунболи вай гашта, ба ҳар кораш ёрӣ мерасонд. Дар хаққи худ таъриф шунида, ҳай хурсандӣ мекард. Ба Усмон Азиз гўё меҳр ҳам мебаст. Аммо пас аз инқилоб ў оҳистаоҳиста тағйир ёфт ва оқибат хонадони онҳоро тарк гуфта, имрўз ана… душмани қаттол шудааст.
Усмон Азиз, дилаш тамоман сиёҳ гардида, боз ба худ суол дод, ки зану фарзандонаш дар чӣ ҳол бошанд.
Ду духтару як писар дорад вай. Занаш касалманд. Духтари калонаш дар ҳамон ҷо шавҳар кард, писараш акнун ба шонздаҳ қадам мемонад. Усмон Азиз ҳама дахмасаи рўзгору ташвиши дўконро ба зиммаи ў гузошта, умедвор ин тараф омада буд. Бе вай яқин азоб мекашад писараш. Охир, ҳанўз ҷавон аст, хом аст, таҷрибаи зиндагӣ надорад. Ҳамин тавр... фарзанди сеюмаш низ ҳоло хурд, духтарчаи беақл.
Занаш, сарсахт, чанд сол боз гирифтори марази бедармон – буғумҳои дасту пояш дар чанги тарбоданд, шабу рўз дард мекунанд.

пешина
аз 551
навбатӣ