МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ва гоҳо мешавад, ки дар бистар ғалтида, аз ҷой ҷунбида наметавонад. Оилаашро дар чунин вазъият қариб бесаробон, ба қавле рў дар раҳми худо монда, Усмон Азиз ба ин сафари хунин баромад. Далолат аз шайтон буд магар, ки оқибат фирефта шуд; акнун пушаймон, сад карат афсўс мехўраду фоида надорад...
Ҳомид ба дастархон як коса саршир гузошта, аз рўбарўи вай оҳиста зону зад ва даме ором нишаста, пурсид:
– Зиқ нашудед?
Усмон Азиз чашм бардошта, хоҳам-нахоҳам ба ў нигоҳ кард, лекин ҷавоб надод.
Ҳомид даступо хўрд ва дигар гап наёфта:
– Ҳамин замон шўрбо меорам, – гуфт.
Ва худ аз худ хомўшӣ ба миён омад. Қурбону Ғуломҳусайн низ сукут меварзиданд. Ороста наменамуд; дар ошхона буд вай. Гоҳ чашмаш тару гоҳ хушк, ҷунбуҷул дошт.
Бад-ин минвол аз байн чанд дақиқа гузашту ҷирани Анвар ногаҳон шиҳа кашид; гарданак зада, боз пой кўфт. Усмон Азиз мутаассир ба он нигариста, зери лаб чизе гуфт. Аммо чӣ мегуфт ў, – Ҳомид дуруст нафаҳмид. Ба ҷои ҷуръат карда пурсидан:
– Аспи нағз будааст, – гуфт ба овози омехта ба оз. Ва аз нав хомўшӣ барқарор гардид.
Осмон аз самти шарқ кам-кам равшан мешуд. Сабзаи рўи ҳавлӣ баъд аз борон ранги зумуррад тофта, ба дидаҳо нерўи тоза мебахшид. Ҷирани Анвар ба мисла дигар аспҳо такроран ором гирифта, акнун гулбеда мехоид. Қурбону Ғуломҳусайн бархоста, аз чӣ бошад, тарафи дарвоза рафтанд.
– Гап занед... – ниҳоят ба сухан омад Усмон Азиз.
– Чӣ гап занам, тақсир? – чашмони хокистаррангашро калон кушода, даст ба сари сина, гуфт Ҳомид.
– Аз кору боратон, аз зиндагиатон...
– Марги ҳамин хел зиндагӣ!
– Барои чӣ?
– Барои он ки фардо ҳолам чӣ мешавад, намедонам.
– Донистан лозим. Як одами калону гарон бошед...
– Ба гуфтан осон, тақсир. Аз дасти ин ҳукумати бераҳм ба танг омадем. Имрўз бинед, бузу гўсфандат бисёр мегўяд, пагоҳ бинед, андози нав талаб карда, сабаб чист, ки ба калхоз намедароӣ мегўяд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё